Нигина Баротзода
Нигина Баротзода | |
|---|---|
| Баротзода Нигина Барот | |
| Таърихи таваллуд | 23 октябри 1978 (47 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод, вилояти Хатлон, Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих (2011) |
| Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Роҳбари илмӣ | Сайфулло Муллоҷонов |
Нигина Баротзода (Наҷотова Нигина Баротовна; зод. 23 октябри 1978, ноҳияи Муъминобод) — таърихнигор, номзади илмҳои таърих (2011), пажӯҳишгари сарчашмаҳои таърихӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ ва таърихи сиёсии асрҳои миёнаи Хуросон ва Мовароуннаҳр.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигина Баротзода 23 октябри соли 1978 дар ноҳияи Муъминобод дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи № 5-и ноҳияи Муъминобод, соли 2001 ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006 хатм намуд. Солҳои 2007—2009 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ таҳсил кардааст. Соли 2011 рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии профессор Сайфулло Муллоҷонов дифоъ намуд[1].
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Масири касбии Нигина Баротзода дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар зинаҳои зеринро дар бар мегирад:
- 2003—2006: Лаборанти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДДМТ;
- 2010—2016: Ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ;
- 2017—2018: Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ;
- 2018—2019: Мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ[2];
- 2019 (аз ноябр): Мудири кафедраи бойгоншиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода;
- 2017 — то ҳол: Дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигина Баротзода муаллифи як монография ва беш аз 35 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва дастурҳои таълимиву методӣ мебошад. Пажӯҳишҳои ӯ асосан ба таърихи давлатдории Ғазнавиёну Салҷуқиён, ҷуғрофиёи таърихӣ ва сарчашмашиносии асрҳои миёна бахшида шудаанд. Ӯ аз муаллифони фаъоли ҷилдҳои 3-11-и Энсиклопедияи миллии тоҷик мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Газневидо-сельджукидские отношения в ХI-ХII вв. (Монография). — Душанбе, 2020. — 167 с. ISBN 978-99975-49-90-7.
- Равобити Ғазнавиёну Салҷуқиён дар асри ХI ва нимаи аввали асри ХII (Дастури таълимӣ). — Душанбе, 2023. — 135 с. ISBN 978-99975-202-5-8.
- Таърихи Шарқи Қадим (Дастури таълимӣ; ҳаммуаллиф). — Душанбе, 2025. — 247 с. ISBN 978-99989-945-5-5.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Газневидо-сельджукидские отношения в XI-XII вв.. 2011.
- ↑ Кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна (29 феврали 2020). 23 апрели 2026 санҷида шуд.