Нигина Обидова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нигина Обидова
Таърихи таваллуд 20 август 1962(1962-08-20) (61 сол)
Зодгоҳ Тошканд ҶШС Ӯзбекистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) омӯзгор
Соз пианино
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005), медали «Хидмати шоиста» (2002), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1997), «Муаллими беҳтарини сол» (2016)

Нигина Ҷӯрахоновна Обидова (тав. 20.08.1962, шаҳри Тошканд) — пианинонавоз ва омӯзгори маъруфи тоҷик. Духтари мутриби тоҷик Ҷӯрахон Обидпур. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1997), «Муаллими беҳтарини сол» (2016).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигина Обидова соли 1982 мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидиро бо ихтисоси фортепианои махсус ва 1986 шуъбаи фортепианои махсуси Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. Ҳамчунин дар Консерваторияи Екатеринбург (Россия) ба номи М. Мусоргский (2012) бозомӯзӣ намудааст. Солҳои 1982—1999 консертмейстер (аз соли 1992 консертмейстери пешбар)-и кафедраи созҳои халқии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, 1999 омӯзгор (аз соли 2001 омӯзгори калон, 2002 мудири кафедра)-и кафедраи фортепианои махсуси ҳамин донишкада кор кардааст. С. 2003 бо таъсис ёфтани Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба ҳайси мудири кафедраи фортепианои махсус ва созҳои оркестрӣ (аз соли 2004 дотсент) ва аз соли 2013 то ҳол мудири кафедраи фортепианои махсуси Консерваторияи миллии Тоҷикистон кору фаъолият дорад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Обидова яке аз пианинонавози боистеъдоди муосири тоҷик мебо-шад, ки дар рушди санъати касбии ҷумҳурӣ дар ин бахш фаъолу ҳиссагузор аст. Навозиши ӯ таъсирбахшӣ, услуби ба худ хос, техникаи фавқулода, садои фораму дилнишин дорад. Солҳои 2005—2013 Обидова дар ҳайати оркестри симфонии «Гармония мира» («Ҳамоҳангии дунё») ба ҳайси якканавоз, 1997—2000 бо ҷамъияти «Меҳрафрӯз» ба сифати якканавоз ва консертмейстер баромад дошт. Дар фестивалҳои «Баҳористон» (Душанбе-2008, 2010, 2011) Обидова ба ҳайси артисти ансамбли камеравӣ ва консертмейстер, дар консерти «Романси русӣ» (2004), консертҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба (2014, 2015) ба ҳайси якканавоз ва консертмейстер баромад дошт. Дар Озмуни 1-уми байниҷумҳуриявии мусиқичиён-навозандагони созҳои халқии ҷумҳуриҳои Қафқоз, Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба номи Ӯ. Ҳоҷибеков, ки соли 1986 дар шаҳри Боку баргузор гардид, Обидова консертмейстери 3 нафар иштирокчии конкурс буд ва дар ин озмуни бонуфуз ҳамчун «Консертмейстери беҳтарин» бо диплом қадрдонӣ шуд. Ҳамчунин ӯ дар 3 озмуни ҷумҳуриявии навозандагони созҳои халқӣ (Душанбе-1986, 1990, 2000) консертмейстери чандин лауреатҳо буд ва бо дипломҳои «Консертмейстери беҳтарин» сарфароз гардид. Ғайр аз ин Обидова дар якчанд фестивалҳои байналхалқӣ консертмейстер буд. Обидова махсусан дар соҳаи педагогика натиҷаи назаррас ба даст овард. Ӯ 12 нафар мутахассиси звенои миёна ва 15 нафар мутахассиси маълумоти олидорро тарбия намудааст. Аз ҷумла 3 нафар аз шогирдонаш (Савдаршоева Ф., Саодатова П., Сангинова Р.) лауреати озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фестивали байналхалқӣ гардиданд. Шогирдонаш дар коллеҷҳо, ДДФСТ ва Консерваторияи миллӣ аз фанҳои тахассусӣ таълим медиҳанд. Обидова дар корҳои ташкилӣ-методӣ низ фаъол буда, дар якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии пианинонавозон ба номи Р. Айрапетянс (2003) ҳамчун узви ҳакамон, дар консертҳои хайриявӣ (2010, 2013), ҷамъияти «Меҳрафрӯз» (1997—2000) ба ҳайси якканавоз ва консертмейстер иштирок кардааст. Ӯ соли 2015 дар ҳайати вакилон ба шаҳри Ланҷоуи ҶХ Чин, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ФР ва Фаронса (2005), Озарбойҷон (2007), Қазоқистон (2007) ба сифати якканавоз ва консертмейстер иштирок кардааст. Бо медали «Хидмати шоиста» (2002) мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 267—268. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)