Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Нигина Шарифова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нигина Шарифова
Шарифова Нигина Умаровна
Таърихи таваллуд: 13 ноябр 1972(1972-11-13) (53 сол)
Зодгоҳ: Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1996), Донишгоҳи байналмилалии соҳибкорӣ ва хизмат (2007)
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII

Нигина Шарифова (Шарифова Нигина Умаровна; тав. 13 ноябри соли 1972, шаҳри Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадори тоҷик, омӯзгор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[1].

Солҳои 1996 – 2003 — Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар шаҳри Кӯлоб;

Солҳои 2003 – 2011 — Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

Солҳои 2011 – 2017 — Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

Солҳои 2017 – 2022 — Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

Солҳои 2022 – 2023 — Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

Солҳои 2023 – 2025 — Директори муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов”-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;

Аз 2 марти соли 2025 то ҳол — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Исмоили Сомонӣ № 2.[2].

  1. Шарифова Нигина Умаровна(тоҷ.). www.parlament.tj. 13 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Шарифова Нигина Умаровна(тоҷ.). www.parlament.tj. 13 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)