Нигина Шаропова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Нигина Шаропова
Нигина Минҳоҷевна Шаропова
Санаи таваллуд:

27 июн 1959(1959-06-27) (60 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Ҷоизаҳо:

«Аълочии тандурустии ҶТ», Дорандаи дипломи «Зани муҳақиқ» (2003).

Нигина Шаропова - (27 июни соли 1959, ш. Душанбе), ходими давлати, психиатр – нарколог. Сарпсихиатри Вазорати тандурустии ҶТ (2000-2009). Доктори илми тиб (2001), профессор (2005). “Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР” (1991), дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷонатан Мэнн (2003). Узви Шӯрои илмии тиббии Вазорати тандурустии ҶТ, узви Ассотсиатсияи «Занҳои олими Тоҷикистон»

Зиндагинома[вироиш]

Фарзанди олими барҷастаи илми тибби Тоҷикистон Минҳоҷ Ғуломов Нигина Шаропова касби табиб шуданро интихоб кардааст. Баъд аз хатм намудани ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1982) ординатори клиникии назди каф. психиатрияи ДДТТ (1982-1984). Пизишк- ординатор, мудири шӯъбаи Диспансери ҷумҳуриявии клиникии психоневрологӣ (1984-1993). С.1986 дар Москва дар мавзӯи “ Клиника ва ташаккули алоими Кандинский–Клерамбо ҳангоми таваҳҳумоти шадиди алкоголӣ” рисолаи номз. дифоъ кардааст. Сарпизишки Маркази ҷум.-явии офияти психикии кӯдакону наврасон (1993-1995), муд. каф. психиатрия ва наркологияи ДТИКТТ (1995-1997). Соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъин шуда, то с. 2004 ифои вазифа кардааст. Сипас ба ҳайси ҷонищини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст (2004-2006). Мудири каф. психиатрия ва наркологияи ба номи профессор М.Ғ.Ғуломови Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1997-1999; аз с. 2006 – то ҳоло).

Эъчодиёт ва осори илмӣ[вироиш]

С. 2001 дар Москва таҳти роҳбарии акад. АИ ФР проф. Т.Б. Дмитриев дар мавзӯи “ Психозҳои алкоголии мураккаби ҷараёнашон шадид” рисолаи док. ҳимоя намудааст Муаллифи беш аз 100 асару мақолаи илмӣ, китоби дарсӣ барои мактабҳои олии тиббӣ, 6 дастури таълимию методӣ, 5 тавсияномаи методӣ, 20 мақолаи илмӣ, 56 тезис, 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ, аз ҷумла “Актуальные вопросы психиатрии” (Д., 1997, муҳар.); “ Социально - клинические аспекты диагностики психических расстройств у беженцев” (Д., 2003, ҳаммуалиф) ; “ Сборник трудов психиатров- наркологов, посвященный 75-летию со дня рождения член-корр. РАМН, проф. М.Г.Гулямова” (Д.,2004, муҳар.). Ба 5 нафар унвонҷӯ дар дифоъи рисолаи номз. илми тибб роҳбарӣ кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ масалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак ҳаллу фасл карда лоиҳаи Қонуни ҶТ дар бораи бо шири модар макконидани кӯдак, Нақшаи миллии ҶТ оид ба саломатии репродуктивӣ ва ғ. таҳия шудааст.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Бо ордени "Шараф" дараҷаи II (2011), Ифтихорномаи Фахрии Вазорати нигаҳдории тандурустии СССР (1990), Нишони Фахрии ширкати байналмилалии ТВ “Мир “ (2003), Нишони Фахрии 20 – солагии иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии ҶТ, медали ҷашнии 1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005) мукофотонида шудааст.[1]

Манобеъ[вироиш]

Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, С.158-159

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — 184 с. — С.158-159 ISBN 978-99947-958-2-6 (тоҷ.)