Низоми бонкии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Низоми бонкии Тоҷикистон — маҷмӯи ташкилотҳои кредитии дар равобити мутақобила қарордоштаи ватанӣ бо сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон[1].

Низоми бонкӣ дар Тоҷикистон дар заминаи шабакаи бонкии замони шӯравӣ ва бонкҳои хусусии нав бунёд гардида, дар солҳои истиқлол зина ба зина инкишоф ёфт, имрӯз ба яке аз соҳаҳои аҳамиятнок ва тезтараққиёбандаи иқтисод табдил гаштааст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Низоми бонкӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз ёфт. Нахусгин муассисаи бонкии Тоҷикистон Намояндагии Бонки давлатии ИҶШС дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли 1925 ташкил гардид, ки ба доираи дар Осиёи Миёна будаи Бонки давлатии ИҶШС дар шаҳри Тошканд тобеъ буд. Моҳи декабри ҳамон сол намояндагии Бонки давлатии ИҶШС дар шаҳри Душанбе ба Идораи Бонки давлатии ИҶШС дар ш. Душанбе табдил дода шуд. Моҳи октябри соли 1934 Идораи Бонки давлатии ИҶШС дар ш. Душанбе ба тобеъияти бевоситаи Бонки давлатии ИҶШС гузашт ва ба худ номи Идораи Тоҷикистонии Бонки давлатии ИҶШС-ро гирифт. Соли 1935 бо 24 бахш (филиал) ба корхонаю шахсони ҷудогона хидмати бонкӣ мерасонд. Бахшҳои Бонки данлатӣ дар ноҳияҳои зерин фаъолият менамуданд: Қурғонтеппа, Кӯлоб, Ғарм, Панҷакент, Хуҷанд, Уротеппа, Конибодом, Хоруғ, Исфара, Обигарм, Шаҳринав, Янгибозор (қозира Кофарниҳон), Ҷиликӯл, Куйбишев (ҳозира Хоҷамастон), Шаҳритус, Муъминобод, Кангурт, Фархор, Нов, Ашт, Кагановичобод (Колхозобод), Кӯктош, Ҳисор. Дар соли 1942 филиалҳои Бонки давлатӣ то ба 42 ва дар соли 1987 бошад то ба 59 адад расид[2].

Аз соли 1959 то соли 1987 дар Ҷумҳурӣ асосан се бонк, мъне Идораи Ҷумҳуриявии Бонки давлатии ИҶШС, Идораи Ҷумҳуриявии Бонки сохтмони ИҶШС ва Бонки амонатгузорӣ фаъолият мекарданд.

Соли 1987 дар асоси Қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС таҳти № 821 аз 17 июли соли 1987 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ислоҳоти бонкӣ гузаронида шуд ва дар асоси ин қарор низоми бонкии зерин ташкил карда шуд:

  • Бонки давлатии ИҶШС;
  • Бонки фаъолияти иктисодии хориҷии ИҶШС;
  • Бонки саноату сохтмони ИҶШС;
  • Бонки агросаноатии ИҶШС;
  • Бонки хоҷагии манзилу коммуналӣ ва рушди иҷтимоии ИҶШС;
  • Бонки амонатгузорӣ ва қарздиҳӣ ба аҳолии ИҶШС.

Баъдан бо Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС таҳти №1118 аз 6 октябри соли 1987 муайян карда шуд, ки дар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бонкҳои ҷумҳуриявии зерин ташкил карда шаванд:

  • Идораи Ҷумҳуриявии Бонки давлатии ИҶШС;
  • Идораи Ҷумҳуриявии Бонки саноату сохтмони ИҶШС;
  • Идораи Ҷумҳуриявии Бонки рушди манзилию иҷтимоии ИҶШС;
  • Идораи Ҷумҳуриявии Бонки амонатгузории ИҶШС.

Аз сабаби он ки ба тамоми аҳолию субъектҳои хоҷагидорӣ Бонки давлатӣ, Бонки сохтмон ва Бонки амонатгузорӣ хидмат мерасониданд, баъд аз ташкил шудани бонкҳои дар боло номбурда, вазифаи бонкҳои амалкунанда, байни ҳамаи бонкхо тақсим карда шуданд.

Дар ин давра Бонки давлатии ИҶШС системаи пулию қарзиро тавассути идораҳои дар ҷумҳуриҳо мавҷуд буда, идора намуда, сиёсати ягонаи пулию карзии мамлакатро тартиб медод, фаъолияти бонкҳои дигарро танзим ва назорат мекард. Баъдтар, яъне соли 1991, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Қарори худ аз 28 июни соли 1991 раками 332 Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод.

Замони истиқлол[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ин марҳалаи начандон тӯлонӣ низоми бонкӣ зинаҳои такмили заминаи қонунгузорӣ, бунёди назорати бонкии ба меъёрҳои ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ такякунанда, таҳкими фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, таҷдиди бонкҳои калон ва таҳаввулоти дигарро паси сар намуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Соли 1995 рубли тоҷикӣ ҳамчун асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, Комиссияи давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани асъори миллӣ таъсис шуда буд. Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 майи соли 1995 бо қарори Комиссияи давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани асъори миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ - “рубли тоҷикии барориши соли 1994”-ро ба муомилот баровард.

Дар раванди барпо шудани низоми ягонаи пулию қарзӣ аҳамияти ба узвияти Хазинаи Байналмилалии Асъор пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Ин ташкилоти бонуфузи молиявии байналмилалӣ, ки ҳадафи асосии он кумак ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ мебошад, баъди ба расмият даровардани санадҳои дахлдор 23 августи соли 1993 ба узвияти комилҳуқуқи ин ташкилот пазируфта шудани Тоҷикистонро эътироф намуд.

Бо амалӣ гаштани ислоҳоти пулии соли 1995 марҳалаи нави ташаккули сиёсати пулию қарзӣ ва барпо намудани асосҳои муҳимтарини низоми мукаммали бонкӣ оғоз гардид. Дар ин марҳала зарурати қабули маҷмӯи санадҳои ҳуқуқӣ, ки ҳадаф ва вазифаҳои бонки марказиро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дақиқан ифода намоянд, ба миён омада буд. Вобаста ба ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон замина гузошт[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Д.: Эр-граф, — 2009. — С. 333
  2. Низоми бонкиии Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.durahshon.tj. 26 феврали 2018 санҷида шуд.
  3. Низоми бонкӣ(тоҷ.). www.tajembiran.tj. Tajik Embassy in Iran. 26 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 марти 2018.