Низории Кӯхистонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хаким Саъдуддин ибни Шамсиддин ибни Мухаммади Низори (ё ки Кӯҳистони) соли 645 х. (1247 мелоди) дар шаҳри Бирчанди Кӯҳистон таваллуд ёфтааст. Падари ӯ аз ашрофони заминдор, аз пайравони харакати исмоилия буда, фарзандашро хам бо ҳамин рухия тарбия кардааст:

Маро модар ба шири ишқ парвард,
Падар таълим дар девонаги кард.
Зи тан бо ҷон бурун ояд чунин шир,
Валекин то киро доданду кай хвард (хурд).

Низориро аввал ба мактаб, баъд ба мадраса доданд. Тартиботи мактаби исмоилихо аз мактабҳои мусулмони, ки бо зарби чуб таълим медоданд, фарқ намекард:

Ба мактаб арчи фиристодаям наку монад,
Гирифт нохуни чанги ба зарби чуби адиб.

Низори бештар мустакилона таҳсили илм кардааст. Дар асрҳои ӯ номи шоирон ва файласуфон: Фирдавси, Низоми, Хайём, Сузани, Санои, Аттор ва дигарон бисёр во мехурад. Дар фалсафа ба Фороби, Ибни Сино ва Хоча Насриддини Туси пайрави кардааст. Вай аз ҷавони ба хидмати идораи маъмурии хокими мугул Тугоҳон, ки дар кӯҳистон фармонравои дошт, дохил шуда, бо роҳи хидмати расми борҳо ба кишвари Рай, Кӯҳистон ва Сиистон сафар кардааст. Ҳангоми сафарҳояш шаҳру дехи хароб ва мардуми мазлуми парокандаву гурезаи онҳоро дида, ба хокимони золими мугул нафрин хондааст:

Ба Коин омадаму тангдил бурун рафтам,
Кадом Коин, Коини хароб буду беоб.

Вай аз соли 1280 сар карда, то августи соли 1281 ба Озарбойҷон, Арманистон ва Гурчистон сафар кардааст. Сафархо донишу ҷаҳонбинии уро вусъат доданд ва дар «Сафарномаи»-и манзуми ӯ акс ёфтаанд. Баъди бозгашт аз сафар чанде дар хидмати дарбор будааст. Вале хасудон, ракибу айбчуёни нотавонбин уро ба хиёнати дарборӣ айбдор кардаанд. Бахонаи тухмат он буд, ки дар ғазалҳояш гояи исмолихоро тараннум кардааст:

Дар вазорат муттахам карданд хуссодам ба визр,
Ман ба дил дар Каъбаи сидку ба хотир дар мазор.

Низори баъд хидмати дарборро тарк карда, гушанишиниро ихтиёр мекунад:

Чун аз он морони захрафкан халоси ёфтам,
Ин замон дар кунчи узалат менишинам ганҷвор.

Тахминан соли 1300 уро аз имтиёзхое, ки дошт, махрум карданд ва шоир дар мухточи ба корҳои эҷоди машгул мешуд:

Хусраво, бандаи мамлук Низории интизор,
Хаст хам муфлису хам мустахаку хам мухточ.

Низори соли 720 ҳиҷрӣ (1320 мелоди) дар зодгоҳаш вафот кардааст. Эҷодиёти адабии ӯ аз ҷавони огоз ёфта, то охири умраш давом кардааст. Мероси адабии Низори аз ғазал, қасида, маснави, рубои, қитъа, таркиббанд, тарчеъбанд, муночот ва ғайра иборат буда, чил ҳазор байт аст. Касидаҳояш бештар тавсифу таърифи хокимонро дар назар дорад, ки баъдхо Низори аз онҳо даст кашидааст. Ғазалҳояш маънои ҳаётдусти дорад. Айшпарасти (гезонизм) аз ду ҷиҳат дар эҷодиёти Нозири зохир гаштааст: Яке ҳаётдусти алайҳи тарки дунъё:

Зоеъ макун ҳаёт, ки овозаи бихишт-
Овозаи хуш бувад, вале маол аст он зи дур.
Бар хоки зиндадилон, эй Низориё,
Биншин, ки ҷумла бехабаранд аз бихишту хур.

Дигаре, ҳаётдусти ва лаззати ҳаётро ба ғам, зулм ва золимон мукобил гузоштан:

Дили золим кучову рахм кучо?!
Бесутун бехабар зи Фарход аст.
Хама иблису деву ифританд,
З-одами худ касе нишон додааст?
Дар чунин давр, хок бар сари он,
Ки бад-ин зиндагӣ дилаш шод аст?
Бода мехур, Низориёву махур
Гами дунё, ки сар ба сар бод аст.

Низори як силсила достон ва маснавихо дорад. Масалан, «Сафарнома»-и манзум (1281), «Адабнома», (дар вазни «Шохнома», с.1295-1296), «Мочарои шабу рӯз» (с.1300), «Азхару мазхар» (дар пайравии «Хусравнома»-и Аттор, с.1300), «Дастурнома» (бар вазни «Искандарнома», с.1310-11), «Дар одоби муошират» (ба равияи «Бустон»-и Саъди), ки арзиши баланди адаби доранд. Аз ин панч достону маснави бармеояд, ки Низори хам «Хамса» доштааст, вале «Хамса»-и ӯ на дар пайравии Низоми эҷод шудааст.

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёрам, ки зи ман намекунад ёд,
Ҷон асту зи тан намекунад ёд.
Бигзашт маро сабо ба куяш,
Дигар зи чаман намекунад ёд.
Баргашт магар ба кӯи Юсуф,
Аз байти ҳазан намекунад ёд.
Бо лӯълӯи обдори дандон-ш,
Аз дури Адан намекунад ёд.
Аз гиряи зору ашки шӯрам
Он пистадаҳан намекунад ёд.
Мискин дили манн бирафту дигар
Аз кунҷи ватан намекунад ёд.
Инкор макун агар Низори
З-он аҳдшикан намекунад ёд.
Ба коми дил бидидам хештанро,
Гирифтам дар бар он симинбаданро.
Ба дастам дод зулфе, к-аз насимаш
Ҷигар хун гардад оҳуи Хутанро.
Бибӯсидам баногӯше, ки аксаш
Тароват дод барги настаранро.
Санавбарқомате, к-аз рашки соқаш
Ба гил дармондпо сарви чаманро.
На дар паҳлӯ, ки бар чашмаш нишонад,
Агар чун гул диҳад коре суманро.
Ҷаҳоне дар шакар гирад ҳар он гаҳ,
Ки ҳамчун писта бикшояд даҳанро.
Чу бинмояд сари дандон ба ханда,
Бирезад оби рӯ дури Аданро.
Зи бӯяш зинда вомонад Низорӣ,
Ба хокаш гар фиристад пираҳанро.