Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ника Турбина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ника Турбина
Таваллуд 17 декабр 1974(1974-12-17)
Даргузашт 11 май 2002(2002-05-11) (27 сол)
Шаҳрвандӣ (табаият)
Навъи фаъолият шоир, нависанда
Солҳои эҷод 19842002
Забони осор укройнӣ ва русӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ника Георгиевна Турбина (ҳангоми таваллуд — Торбина; 17 декабри 1974, Ялта, вилояти Қрим, ҶШС Украина, ИҶШС11 майи 2002, Маскав, Русия) — шоири шӯравӣ ва рус, ки бо шеърҳои дар овони кӯдакӣ навишта ва нашршудааш машҳур аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ника Турбина 17 декабри соли 1974 дар шаҳри Ялтаи вилояти Қрим ба дунё омадааст. Модари ӯ — Мая Турбина яке аз рассомони маъруф, падараш — ҳунарпеша Георгий Торбин[1] ва бобояш Анатолий Никанорник нависандаи шинохтаи рус буданд. Ника аз кӯдакӣ гирифтори бемории диққи нафас (астма) буд ва аксари шабҳо аз бехобӣ азият мекашид. Маҳз дар ҳамин шабҳои бехобӣ, вақте ки ӯ ҳамагӣ чор сол дошт, ба гуфтани шеър оғоз кард. Ӯ аз модару модарбузургаш хоҳиш мекард, ки ин сатрҳоро бинависанд. Ника таъкид мекард, ки ин вожаҳоро ба гӯши ӯ «як мӯйсафеди нуронии сафедриш» мехонад.

Оғози фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1981, вақте Ника ба синфи якум рафт, истеъдоди ӯ зуд вирди забонҳо шуд. Маҷмӯаи шеърҳои ӯ ба дасти нависанда Юлиан Семёнов расид ва ӯ ин шеърҳоро дар рӯзномаи «Комсомолская правда» чоп кард.

Соли 1984 нахустин маҷмӯаи шеърҳои Ника бо номи «Черновик» («Сиёҳнавис») дар нашриёти «Молодая гвардия»-и Москва ба табъ расид. Шоири шаҳири рус Евгений Евтушенко ба ин китоб сарсухане бо номи «Шоири ҳаштсола» навишта, роҳнамо ва устоди Ника гардид. Китоби «Сиёҳнавис» ба 12 забони дунё тарҷума шудааст[2].

Шуҳрати ҷаҳонӣ ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар синни даҳсолагӣ Ника Турбина дар фестивали байналхалқии «Шоирон ва Замин» дар Венетсия (Италия) иштирок кард. Дар ин чорабинии бонуфуз ӯ сазовори ҷоизаи аввал — «Шери тиллоӣ» гардид. Ӯ пас аз Анна Ахматова дувумин шоираи рус буд, ки ин ҷоизаро соҳиб шуд.

Пас аз ин муваффақият ӯ ба Амрико сафар кард. Табибони амрикоӣ ҳангоми ташхис ба оилаи ӯ тавсия доданд, ки бо сабаби фишори зиёди рӯҳӣ ва шуҳрати барвақтӣ, ӯ бояд таҳти назорати равонпизишк бошад.

Синамо ва бӯҳрони рӯҳӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ника Турбина дар ду филм нақш офаридааст:

  1. «Детский сад» (Боғчаи кӯдакон, 1983) — бо даъвати Евгений Евтушенко.
  2. «Это было у моря» (Ин дар баҳр воқеъ шуда буд, 1989) — нақши кӯдаки маъюбро иҷро кард.

Пас аз наворбардории филми дувум, вазъи рӯҳии ӯ тадриҷан бад шуд. Ника дигар дар маҳфилҳо шеър намехонд ва аз соли 1990 ҳолати рӯҳиаш боз ҳам вазнинтар гардид.

Тарҷумаи ашъор ба тоҷикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шеърҳои Ника Турбина аз ҷониби шоир ва тарҷумони тоҷик Бузургмеҳри Баҳодур ба забони тоҷикӣ баргардон шудаанд[3]. Ин тарҷумаҳо бо маҳорати баланд анҷом ёфта, тавонистаанд ҳамаи он дард, танҳоӣ ва эҳсосоти амиқеро, ки дар шеърҳои аслии Ника нуҳуфтаанд, ба хонандаи тоҷик мунтақил кунанд.

Намунае аз тарҷума

[вироиш | вироиши манбаъ]

АЛЛА ГӮЕД МАРО (УБАЮКАЙТЕ МЕНЯ...)

Алла гӯед марову бидиҳедам алвонҷ,

Бистари гарм ба рӯям пӯшед,

Бо суруди сари гаҳвора фиребам бидиҳед,

Ҳар саҳар хоб ба ман туҳфа кунед;

Рўзҳоро, ки пур тасвир аст

ва дар он шамс зи рӯз обитар

ба назар метобад

Ба таҳи болиши ман бигзоред.

Интизори чӣ нишастед, маро гӯш диҳед:

Кӯдакӣ кард фирор аз ману рафт!

Солҳои охир ва даргузашт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар синни 16-солагӣ ӯ барои табобат ба Швейтсария рафт ва он ҷо бо табиби равонпизишки худ издивоҷ кард. Аммо ин издивоҷ дер давом накард ва ӯ дубора ба Русия баргашт. Ника ба Донишкадаи фарҳанги Маскав дохил шуд, вале таҳсилро нимароҳ гузошт.

Бемории тӯлонӣ, фишорҳои рӯҳӣ ва мушкилоти рӯзгор ӯро фурӯ бурданд. Ника Турбина 11 майи соли 2002 дар синни 27-солагӣ даргузашт.

  1. Александр Ратнер. Тайны жизни Ники Турбиной («Я не хочу расти…»). М.: АСТ, 2018. — 704 с. ISBN 978-5-17-982436-7.
  2. Ника Турбина Бойгонӣ шудааст 6 май 2009  сол., Проект «Старатель» (дайджест).
  3. Бузургмеҳр Баҳодур. «СИЁҲНАВИС»-И САПЕД (8 Январ 2021).