Николай Гродеков
Николай Гродеков | |
---|---|
Зодрӯз | 22 сентябр 1843 |
Таърихи даргузашт | 12 декабр 1913 (70 сол) |
Мансубият | |
Қисм | General of the Infantry[d], генерал-лейтенант, генерал-майор ва General of the Infantry (Imperial Russia)[d] |
Равобит | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гродеков Николай Иванович (22 сентябр 1843, Кропивнитский[d], губернияи Херсон[d] — 12 декабр 1913, Санкт-Петербург) — арбоби давлатӣ, муаррихи низомӣ, шарқшинос ва генерал-лейтенанти рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи низомии Константиновский (1862) ва Академияи ситоди генералии Николаеви Русия (1868). Дар Ситоди генералии Қафқоз ва Туркистон хидмат кард. Дар юриш ба Хева (1873), ҷанги Русия бо Туркия (1877-78), экспедитсияи Ахалтегин (1879; 1880-81) ширкат дошт. Соли 1878, вақте ки Англия ба Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷанг мекунад, ба губернатори низомии Фарғона М. Д. Скобелев супориш мешавад, ки артиши хешро дар марз бо Ҳинд мустақар кунад ва як дастаи махсуси русҳо бо сарварии генерал-адютант К. П. Кауфман аз роҳи Ҷамму (воқеъ дар марзи хонии Бухоро) расми гузашт анҷом медиҳад, ки Николай Гродеков сардори ситоди саҳроии ин даста буд. Соли 1879 бо мақсади амалиёти ҷосусӣ ба Самарқанд, Бухоро, Мазори Шариф, Маймана, Ҳирот, Машҳад ва Астаробод (тақр. 2 ҳазор км) сафар кардааст. Ӯ натиҷаи ин сафарро дар китоби «Аз тариқи Афғонистон» (1879) дарҷ намудааст, ки он баъдан ба забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст. Солҳои 1883-87 губернатори низомӣ ва фармондеҳи артиши (то 1893) Сирдарё буд. Дар ин муддат ба сохтани даҳҳо шаҳраки руснишин дар ин музофот мусоидат кард. Чанд дафъа иҷрокунандаи вазифаи генерал-губернатори Туркистон таъйин шудааст. Дар ин ҷо маҷмӯаи (коллексия) нодири этнографӣ ҷамъоварӣ намуд, ки соли 1888 онро ба АИ Петербург тақдим дошт. Аз октябри 1893 ёвари генерал-губернатори Приамур ва солҳои 1898—1902 генерал-губернатори ин музофот буд. Соли 1899 бо ибтикори Николай Гродеков дар ш. Владивосток пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ таъсис ёфт. Соли 1901 дар фурӯ нишондани шӯриши зидди таҷовузгарон дар шимоли Манҷурия ширкат кард. Аз соли 1902 узви Шӯрои давлатӣ ва аз 1906 сарфармондеҳи артиши рус дар Шарқи Дур. Солҳои 1906-08 генерал-губернатори Туркистон. Николай Гродеков муаллифи очерку сафарномаҳо оид ба урфу одати мардум ва таърихи ғасби Осиёи Миёна аз ҷониби Русия мебошад. Китоби «Ҳидояи шариф»-ро аз англисӣ баргардон (1893, дар 4 ҷилд) ва нашр намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Через Афганистан. СПб., 1880;
- Стратегический обзор Хивинского ханства. Ташкент, 1882 (совместно с Л. Н. Соболевым);
- Война в Туркмении. Поход Скобелева в 1880—1881 гНиколай Гродеков В 4 т. СПб., 1883-84;
- Хивинский поход 1873 года. 2 изд. СПб., 1888;
- Киргизы и кара-киргизы Сир-Даринской области. Т. 1. Ташкент, 1889.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гродеков Николай Иванович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Дубинина Н. И. Приамурский генерал-губернатор Н. И Гродеков. Хабаровск, 2001;
- Новая российская энциклопедия. Т. V (1). М., 2008.