Николай Иванович Вавилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Николай Иванович Вавилов
Николай Иванович Вавилов
Nikolai Vavilov NYWTS.jpg
Санаи таваллуд:

23 ноябр 1887(1887-11-23)

Зодгоҳ:

Маскав, Русия

Санаи марг:

26 январ 1943(1943-01-26) (55 сол)

Маҳалли марг:

Саратов

Мамлакат:

 Русия

Фазои илмӣ:

генетика, ботаника, ҷуғрофия,

Ҷойҳои кор:

Институти генетикаи АИ СССР (аз соли 1991 АИ Русия)

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои кишоварзӣ

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Академияи кишоварзии Русия

Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Николай Иванович Вавилов дар Викианбор

Николай Иванович Вавилов (23.11.1887, ш. Маскав – 26.01.1943, ш. Саратов), генетик, набототшинос ва географии рус. Асосгузори илми селексия ва таълимот оид ба марказҳои пайдоиши рустаниҳои мазрӯъ. Узви вобаста (1923) ва узви пайвастаи АИ ИҶШС (1929), Президент (1929–35) ва ноиби Президенти Академияи умумииттифоқии илмҳои хоҷагии қишлоқи ба номи Ленин (1935–40).

Зиндагинома[вироиш]

Вавилов Н.И.соли 1911 Ин-ти кишоварзии Маскавро хатм намуда, дар кафедраи зироати он кор кардааст. Соли 1917 проф. Донишгоҳи Саратов интихоб гардид. Аз соли 1921 то августи 1940 мудири Шуъбаи ботаникаи таҷрибавӣ ва селексия (соли 1924 ба Ин-ти умумииттифоқии ботаникаи таҷрибавӣ ва зироати нав, соли 1930 ба Ин-ти умумииттифоқии рустанипарварӣ табдил ёфт) ва аз соли 1930 директори озмоишгоҳи генетика (баъдтар ба Ин-ти генетикаи АИ ИҶШС табдил ёфт) буд. Вавилов Н.И. соли 1925 ба Хеваи Осиёи Марказӣ экспедитсия ташкил намуд. Солҳои 1920–40 захираи набототи Юнон, Итолиё, Португалия, Испания, Тунис, Марокаш, Арабистон, Фаластин, Сурия, Эфиопия, Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Хитой, Корея, Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубиро таҳқиқ кардааст. Соли 1916 ҳангоми сафар ба қисмати марказии Эрон гандуми навъи форсиро вохӯрда, баъди омӯзиши хусусиятҳои биологию морфологӣ онро ба навъи махсуси ҷудогона дохил кард. Вавилов Н.И. дар Афғонистон (1924) низ як силсила пажӯҳиш анҷом дода, оид ба рустаниҳои мазрӯи ин кишвар маводди фаровоне ҷамъ овард (натиҷаи таҳқиқот дар китоби «Земледельческий Афганистан» ҷамъбаст шудааст). Навъҳои гуногуни гандум, ҷав, ҷавдор, наск, лӯбиё, нахӯд ва меваҳои донакдори маҳаллиро омӯхта, Тоҷикистонро яке аз кишварҳои қадимтарини рустаниҳои мазрӯъ номид. Соли 1924 ба таҳқиқи ноҳияҳои Бадахшон оғоз намуд. Вавилов Н.И. аз водии Фарғона бо ағбаи Пакшиф ба Тоҷикистон гузашта, ба Рашт, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа сафар кард. Дар деҳаи Қалъаи Вомари Рӯшон дар баландии 2500 м навъи рустании ҷавдори бузургпоя (баландиаш 1,5 м, пояаш ғафс, хӯшаҳо ва донаш калон)-ро бозёфт намуд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 7000 намунаи тухмӣ ва хӯшаҳои рустанӣ, тақр. як ҳазор гербарий ҷамъоварӣ намуд. Хидматҳои шоёнаш аз ин экспедитсия бо медали тилои ба номи Н. М. Пржевалский қадрдонӣ гардид. Илова бар ин бо роҳбарӣ ва иштироки Вавилов Н.И. коллексияи ҷаҳонии рустаниҳои мазрӯъ ташкил карда шудааст, ки зиёда аз 300 ҳазор намунаи рустаниро дар бар мегирад. В. узви академияи бисёр давлатҳои хориҷӣ (Англия, Ҳиндустон, Аргентина, Шотландия ва ғ.) ва ҷамъиятҳои илмӣ буд. Соли 1965 Мукофоти ба номи Вавилов Н.И. таъсис ёфт; соли 1968 медали тилои ба номи В. таъсис гардид, ки барои корҳои шоистаи илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ дода мешавад.

Осор[вироиш]

  • Закон гомологических рядов в наследственной изменчивости. –М., 1987;
  • Происхождение и география культурных растений. – М., 1987;
  • Пять континентов.– М., 1987.
  • Вавилов Н.Н. Избранные труды. Том І-V. – М., 1964-1968.[1]

Адабиёт[вироиш]

  • Вавилов Ю. Н. В долгом поиске: Книга о братьях Николае и Сергее Вавиловых. М., 2004

Сарчашма[вироиш]


Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 117.