Николсон, Рейнолд
Николсон, Рейнолд | |
|---|---|
| англ. Reynold Alleyne Nicholson | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 18 август 1868 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 27 август 1945[1][2][3] (77 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
| Ҷоизаҳо | |
Рейнолд Аллейн Николсон (англ. Reynold Alleyne Nicholson ) (18 августи 1868 – 27 августи 1945) — ховаршинос ва исломшиноси англис, шореҳ ва мутарҷими осори ирфонӣ аз форсӣ ба англисӣ аст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рейнолд Аллен Николсон 19 августи 1868 дар Йоркшири Инглистон таваллуд шудааст. Падараш устоди Донишгоҳи Абредин дар Искотланд (Шотланд) буд ва ӯ низ таҳсилоти олиро аз онҷо шуруъ кард. Сипас ба Донишгоҳи Кембриҷ рафт ва ба фаро гирифтани адаби юнонӣ ва лотинӣ машғул шуд ва дар соли 1890 дар имтиҳоноти он ришта рутбаи аввалро касб кард. Чун падарбузурги ӯ алоқаманд ба забони арабӣ ва таърихи араб буд, аз кӯдакӣ рағбате ба омӯхтани забон арабӣ ва маорифи исломӣ пайдо карда буд ва дар Кембриҷ ба таҳсили забон арабӣ пардохт. Соли 1892 барои аввалин бор ба дидори Эдвард Бравн ноил гардид ва аз он пас ба омӯхтани форсӣ низ машғул шуд. Чун Эдвард Бравн дилбастагии хоссе ба осори орифони Эрон дошт, Николсон барои поённомаи доктории худ ба роҳнамоии ӯ "Девони Шамс", маҷмуаи ғазалҳои Ҷалолиддин Муҳаммади Балхиро баргузид ва мунтахабе аз онро дар 1898 дар сисолагӣ ба англисӣ тарҷума кард ва ҳамроҳ бо матни аслӣ ба чоп расонд.
Соли 1901 ба муаллими забони форсӣ дар Донишгоҳи Лондон мансуб шуд ва як соли баъд ҳамин самтро дар Донишгоҳи Кембриҷ уҳдадор шуд ва ин мақомро то замони даргузашти Эдвард Бравн дар соли 1926 доро буд. Аз он таърих курсии забони арабӣ (мавсум ба курсии Сер Томас Адам) ба уҳдаи ӯ гузошта шуд, то дар соли 1933 дар синни 65-солагӣ аз донишгоҳ бознишаста шуд. Тайи ин даврон бисёре аз мутуни муҳимми форсӣ ва арабиро тарҷума, тасҳеҳ ва мунташир кард. Ҳамчунин, теъдоде аз барҷастатарин ховаршиносони англис тарбиятёфтагони ӯ буданд, аз ҷумла Чарлз Стори, ки ҷонишини ӯ дар Донишгоҳи Кембриҷ шуд ва Артур Ҷон Арберрӣ, ки баъдан мутасаддии курсии донишгоҳии ӯ шуд. Рейнолд Николсон 27 августи соли 1945 даргузашт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Осори муҳимми ӯро дар чаҳор бахш метавон тақсимбандӣ кард:
- Бахши аввал шомили таълифи китоби «Таърихи адабиёти араб» (ба англисӣ) аст, ки аз замони интишор дар соли 1907 ҳамвора китоби марҷаи донишгоҳӣ дар ин мавзуъ будааст ва ҳамчунин, китобҳои "Дуруси арабӣ" дар се ҷилд ва матну шарҳи "Девон"-и Ибни Арабӣ ба номи "Тарҷумон-ул-ушшоқ" (1911).
- Бахши дувум китобҳое аст, ки дар мавзуъи тасаввуф ва ирфони исломӣ таълиф карда ва гӯёи дарҷаи тааммуқ ва қареҳаи неруманди ӯст. Аз ҷумлаи ин китобҳо «Орифони ислом» (1914) ва «Мутолеъот дар боби тасаввуфи исломӣ» (1921) аст.
- Бахши севум шомили тасҳеҳи интиқодии мутуни ирфонии форсӣ аст, аз ҷумла, "Мунтахаботи Девони Шамс" дар ибтидо, тасҳеҳм "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттор, ки ҷилди аввал соли 1905 ва ҷилди дувум соли 1907 ба инзимоми феҳристи эълом ва луғоти нодир бо муқаддимае аз Муҳаммади Қазвинӣ дар шарҳи ҳоли Фаридуддини Аттор дар Лондон мунташир шуд. Вале муҳиммтарин асари ӯ дар ин даста матни "Маснавӣ"-и Мавлавӣ дар се ҷилд аст, ки солиёни дароз сарфи тасҳеҳу танқеҳ он шудааст.
- Бахши чаҳорум тарҷумаҳое аст, ки Рейнолд Николсон аз мутуни форсӣ, арабӣ ва туркии усмонӣ ба англисӣ анҷом додааст. Аз ин даста тарҷумаи "Кашф-ул-маҳҷуб" Ҳуҷвирӣ дар таърихи тасаввуф ва ақоиди суфия як бор соли 1911 ва бори дигар соли 1936 дар Лондон ба чоп расидааст. Аммо бузургтарин ва муҳиммтарин асари ӯ дар ин қисмат тарҷумаи "Маснавӣ"-и Мавлавӣ ва "Шарҳ бар Маснавӣ" ба англисӣ дар ҳашт ҷилд (интишорёфта байни солҳои 1925 ва 1940) аст, ки шоҳкори ӯ ба шумор меояд ва гувоҳи табаҳҳури Николсон дар забону адабиёт форсӣ ва фалсафаву ахлоқу мазҳаб ва ахбору аҳодиси исломӣ аст. Дарки амиқи Николсон аз ислом ва мусулмонон аз онҷо бештар мояи шигифтӣ аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба хориҷ аз Аврупо сафар накард.
Қайдҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рейнолд Николсон в проекте «Гутенберг»
- A Literary History of the Arabs (1907)
- The Mystics of Islam (1914)
- Encyclopædia Britannica's entry for Reynold Nicholson
- Bio from Dar-al-Mathnawi. 13 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2007.
- Short bio of Rumi by Reynold Alleyne Nicholson
- The Secrets of the Self, from Iqbal Academy