Нилуфар Имомзода
Нилуфар Имомзода | |
|---|---|
| Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф | |
| Ном ҳангоми таваллуд | Имомова Нилуфар Маҳмаисуфовна |
| Таърихи таваллуд | 14 декабри 1983 (42 сол) |
| Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ | |
| Навъи фаъолият | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII |
| Таҳсилот | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006) |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | |
Нилуфар Имомзода (Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф, пештар Имомова Нилуфар Маҳмаисуфовна; зод. 14 декабри 1983, Душанбе) — ҳуқуқшиноси тоҷик, доктори илмҳои ҳуқуқ (2022), арбоби давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII[1], профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нилуфар Имомзода 14 декабри соли 1983 дар шаҳри Душанбе дар хоноводаи Маҳмаисуф Имомов ба дунё омадаааст. Соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2006–2008 — муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- 2008 — мутахассиси дараҷаи аввали Хадамоти ҳуқуқи Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон[3].
- 2010 — мутахассис-коромӯзи дастгоҳи марказии БДА ҶТ «Амонатбонк»[3].
- 2010–2011 — муҳосиби дараҷаи 2 ва сипас дараҷаи 1 дар шуъбаи хизматрасонӣ бо шахсони воқеии Департаменти хазинадории Раёсати «Амонатбонк»[3].
- 2011–2012 — муҳосиби пешбар оид ба SWIFT дар шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ бо асъори хориҷии Идораи ҳисоббаробаркунии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк».
- 2012–2015 — котиби судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
- 2015–2017 — ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон.
- 2017–2023 — мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳамзамон профессори кафедраи мазкури факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон.
- Аз 1 марти 2023 — сардори шӯъбаи ҳамоҳангсозии барномаҳо, лоиҳаҳо ва грантҳо дар Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон.
- Аз моҳи майи соли 2023 то 2025 — муовини ректор оид ба тарбия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Аз 19 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даьвати VII. Муовини Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон. [4].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нилуфар Имомзода соли 2015 дар мавзӯи «Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ҳамчун чораи ҷавобгарӣ дар қонуни оилаи ҶТ» рисолаи номзадӣ ва соли 2022 дар мавзӯи «Усули ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ» рисолаи докторӣ дифоъ карда, дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва унвони илмии профессор мебошад.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 50 мақолаи илмию омавӣ ва фишурдаи мақола, дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои курсҳои тахассусӣ ва умумӣ, китобҳои гуногуни илмию таълимӣ, аз ҷумла «Ҳуқуқи оилавӣ», «Ҳуқуқи байналхалқӣ» ва «Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ» мебошад[1].
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Нилуфар Имомзода оиладор ва соҳиби се фарзанд аст[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Муовини ректор оид ба тарбия. ДМТ (31 Январ 2025). 18 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф(тоҷ.). www.parlament.tj. 17 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- 1 2 3 4 Маълумотномаи Имомова Нилуфар Маҳмаисуфовна. Ховар.
- ↑ Имомзода Нилуфар Маҳммадюсуф(тоҷ.). www.parlament.tj. 17 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 14 декабр
- Зодагони соли 1983
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Википедия:Статьи с табличной вставкой в карточке
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII
- Занҳо-сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо
- Занони Тоҷикистон дар сиёсат
- Ходимони ҷамъиятии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
- Ҳуқуқшиносони Тоҷикистон