Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Нирвана

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нирвана ё Нирвона (санскр. निर्वाण;) вожае дар забони бостонии санскрит аст, ки дар Буддоия барои тавсифи он чи «умқи оромиши зеҳн дар натиҷаи иктисоби Мокша» меноманд, ба кор меравад. Буддоиён бар ин боваранд, ки ҳеч кас наметавонад нирванаро ба таври комил шарҳу тавсиф кунад ва онро бо ҳеч баёну гуфторе ба калом дароварад.

Буддо «нирвана»-ро ба суратҳои гуногун таъриф кардааст: ҳамчун Шодии бузург, Сулҳ ва Оромиш, Фанонапазирӣ, бидуни шаклу қолаб, он сӯи замин, он сӯи Об, он сӯи Оташ, он сӯи Ҳаво, он сӯи Хуршед ва Моҳ, поённопазир ва бекарон, ҳамчунин раҳоӣ аз дағадағаи ва «ман»-ият, решакан кардани ҳирсу тамаъ, кина ва душманӣ, фиреб ва тамоми хислатҳои носазо. Ба ибораи дигар, нирвана покии маҳз ва оромиши мутлақ аст.

Маънои нирвана

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нирвана дар луғат ба маънои «ба камол ва сулук расидан» аст.[1]

Дар истилоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърифи имрӯзии нирвана: буъде аз зиндагӣ, ки дар он ҷо ҳеч замон ва маконе вуҷуд надорад. Ҳамчунин нирвана ба маънои раҳоӣ аз худ, аз Карма ва чархаи маргу зиндагӣ ва ранҷ буда, ба навъе ҳолати илоҳист.

Ҷусторҳои вобаста

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Richard Gombrich, Theravada Buddhism: A Social History from Ancient Benāres to Modern Colombo. Routledge