Нишолло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нишолло́, нишалло (дарӣ: نشلا; форсӣ: نشلا‎; ӯзбекӣ: Nisholda) — як навъ шираворӣ.

Омодасозӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тайёр намудани нишолло аз чанд амалиёт иборат аст: аввал бех (решаи як навъи гиёҳ)-ро тоза шуста, майда реза карда ба зарфи обдор меандозанд ва 20–30 дақиқа меҷӯшонанд[1]. Баъд дар деги мис аз шакару об қиём мепазанд. Оби бехро аз дока гузаронида, ба деги равғаннарасида андохта, бо чилчӯб лат мезананд[2]. Баъди пайдо шудани кафк ба он сафедии тухм андохта, латзаниро давом медиҳанд. Сипас тадри­ҷан қиёмро низ ба дег рехта, хеле вақт то пайдо шудани кафки ғафс бо чилчӯб лат мезананд. Қиёму кафкро ҳар қадар бештар лат зананду ба ҳам омезанд, ҳамон қадар нишолло болаззат гашта, ба зудӣ об ҷудо намекунад. Барои хуштаъ­мӣ ба қиём ҷавҳари лиму ва ванилин меандозанд. Агар шакари шӯшабаста об шаваду қиём аз кафк ҷудо шуда наистад, нишолло тайёр аст.

Ранги нишолло сафед буда, ҳангоми бо белчаи махсуси чӯбин гирифтани нишолло он ғоз медиҳад. Нишолло дар байни мардуми тоҷик аз асрҳои миёна маълум буда, онро ҳалвопазҳо дар арафаи иди Наврӯз, моҳи Рамазон ва дигар маросимҳо мепазанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Нишалло. Рецепт. bookbig.ru. 6 июни 2017 санҷида шуд.
  2. Нишолло. МҒД "Одам ва Олам". www.odamvaolam.hol.es. 6 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 июни 2017.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аминов С., Ванукевич А. Таомҳои тоҷикӣ. — Д., 1967.
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П-Ҷ./Дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — М: Советская Энциклопедия, 1969, — c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. — Душанбе: Дониш, 2015.