Нишони Ҳолливуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намуди нишон дар теппаҳои Ҳолливуд

Нишони Ҳолливуд (англ. Hollywood Sign) — нишони машҳури хотиравӣ дар теппаи Ҳолливуди Лос-Анҷелес, Калифорния. Калимаи «HOLLYWOOD» (номи маҳал) бо ҳуруфи калони рангашон сафед дар теппа насб шудааст. Нишон соли 1923 ҳамчун таблиғот (реклама) сохта шуд. аммо тадриҷан ин нишон шуҳрати зиёд касб кард ва нишони фирмавии санъати синамои ИМА гардид. Нишон дар нишебии ҷанубии теппаи Маунт Ли, дар баландии 491 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ҳар як ҳарфи ин нишон 9 м паҳно, 15 м баландӣ ва дорои 4 ҳазор чароғча (лампочка) мебошад.

Сарпарастон[вироиш | вироиши манбаъ]

Нӯҳ сарпараст 27 777 долларро барои барқарор кардани аломат дар соли 1978 ҳадя карданд:

  • H — Ҳю Хефнер — (муассиси Playboy)
  • O — Ҷованни Мацца — кинопродюсери итилиёӣ
  • L — Лес Келли — соҳибкор, муассиси Kelley Blue Book)
  • L — Ҷин Отри — овозхон, ҳунарпеша, тоҷир
  • Y — Терренс Доннелли — ношири Hollywood Independent Newspaper
  • W — Энди Вилямс — овозхон
  • O — Warner Bros.Records
  • O — Элис Купер— овозхон, эҳдо ба хотири дӯсти наздикаш Граучо Маркс
  • D — Деннис Лидтке — тоҷир, ба хотири Мэттю Вилямс эҳдо кардааст[1].

Тағйири нишон[вироиш | вироиши манбаъ]

Беиҷозат тағйир додани нишон манъ аст. Бо вуҷуди ин, якчанд маротиба тағйир ёфт, то ки ҳамеша таваҷҷуҳи бештари ҷамъиятро ҷалб кунад. Дар зер баъзе аз чунин тағйирот:

  • Моҳи январи соли 1976 ба ифтихори қонуни нави иёлати Колифорния дар бораи марихуана Ҳолливуд ба «HOLLYWeeD» (weed — алаф, сабза) табдил шуд.
  • Моҳи майи соли 1987 дар таҷлили ҷашни садсолагии Ҳолливуд донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Колифорния ба ҷои Ҳолливуд «CALTECH» («California Institute of Technology»)-ро гузоштанд.
    Пеш аз бозии футболи амрикоӣ дар соли 1993 байни Донишгоҳи Калифорния дар Лос Анҷелес ва Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, нишон ба «GO UCLA» («Ба пеш, UCLA») тағйир дода шуд.
  • Дар моҳи январи соли 2017 нишон бори дуюм ба «HOLLYWeeD» тағйир дода шуд.[2]

Тақрибан дар соли 2000 Департаменти пулиси Лос-Анҷелес барои амнияти нишони Ҳолливуд низоми бехатарӣ ҷорӣ карда, дар атрофи нишон камераҳои назоратӣ насб намуд. Дар ҳолате, агар ягон кас дар масофаи камтар аз 50 ярд (45,72 метр) ба нишон наздик шавад, занги ҳушдор ба кор даромада пулис даъват карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Braudy, Leo (2012). The Hollywood Sign: Fantasy and Reality of an American Icon (Icons of America). Yale University Press. ISBN 0-300-18145-0. 
  2. В Лос-Анджелесе вандалы изменили памятный знак HOLLYWOOD // Коммерсантъ. — 2017-01-01.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]