Jump to content

Ноболиғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ноболиғ — шахсе эътироф мешавад, ки ба сннни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст (м.55 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Мавқеи ҳуқуқии ноболиғон аз рӯйи хусусиятҳои фарқкунандаи синну солашон (таҷрибаи кофии зиндагӣ надоштан, пурра сарфаҳм нарафтан ба баъзе воқеаҳо, нафаҳмидани оқибати кори худ ва ғайра) муайян карда мешавад. Дар баъзе мавридҳо талаботи қонунии ноболиғонро падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда (васиён, парасторон, намояндагони қонунӣ) ба уҳда мегиранд. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ба зиммаи мақомоти давлатӣ (комиссия оид ба корҳои ноболиғон прокуратура, мақомоти васояту парасторӣ ва ғайра) гузошта шудааст.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 348