Новдор дувум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Новдор дувум
Сардӯшии новдор дувум дар Нерӯи дарёии Русия
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ناودار دوم
Кишвар  Эрон
Дараҷаи болотар Новдор якум
Дараҷаи поинтар Новёр якум
Ҳамто

Новдор дувум (форсӣ: ناودار دوم‎) — дараҷае афсарёрӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новёр якум ва поинтар аз новдор якум дорад ва баробар бо размпардоз дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Новёр якум

Новдор дувум
Дараҷаи болотар:
Новдор якум

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Новдор» ба маънои «киштибон» аст[1] ва аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: нов (форсӣ: ناو‎ > порсии миёна: nāv- > порсии бостон: nāvam-киштӣ[2] + -дор (< порсии миёна: *dār > порсии бостон: *dār(a)- > эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»[3]), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[4]. Ин пасванд дар вожасозии низомӣ аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дар забони эронии бостон «*kāra-daranaka-» ‘дорандаи сипоҳ, сипаҳдор[3], дар паҳлавӣ: «tagm(a)dār» ва дар форсӣ: «сипаҳдор»‎ ва «лашкардор» бо ҳамин пасванд сохта шудаанд.

Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]

Новдор ҳамчун дараҷаи афсарёрӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва ду рутба дорад[5]:

  1. новдор якум = новустувор якум;
  2. новдор дувум = новустувор дувум;

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 апрели 2022.
  2. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2700.
  3. 3.0 3.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 1244—1245
  4. Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45
  5. Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2013.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]