Нозири дипломатӣ
Зоҳир
Нозири дипломатӣ - намояндаи давлат ва ё ташкилоти байналмилалӣ, ки барои иштирок дар кори конфронси байналмилалӣ ва ташкилоти байналмилалӣ фиристода мешавад. Тартиби иҷозат ва фаъолияти нозир мувофиқи қоидаҳо муқаррар карда мешавад. Нозири дипломатӣ метавонад оид ба масъалаҳои ҷорӣ баромад намояд, арзу дархостҳои хаттиро паҳн кунад. Аммо нозири дипломатӣ ҳуқуқи овоздиҳӣ, имзои санадҳои хотимавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои конфронсро надорад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 348