Нозирони Сабзи Рашт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Нозирони Сабз ва ташкилёбиаш[вироиш]

Нозирони Сабз якуминбор соли 2000 дар мактабҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекарданд, бо дасгири ОБСЕ дар Тоҷикистон. Онхоро ба лагерҳои тобистона мебурдан ва хар гуна семинарҳои омузишие ба онхо мегузаронданд то ки малакаҳои онхоро зиёд кунанд нисбати табиат ва дар хамон маврид да дигар нохияҳои Чумхури Экогуруҳои чавонон ба кайд гирифта шуданд. Дар соли 2002 нозирони Сабзи Рашт фаъолияти худро низ сар карданд ки бештари онхо мактаб бачагони мактаби миёнаи №1 ш.Гарм низ буданд.

Дар бораи табиат[вироиш]

Холо бошад мо мехостем ба шумо камтаре хам бошад дар бораи табиат маълумоте дихем.

Экология Чист?[вироиш]

Маънои калимаи «Экология» - «илм дар бораи хона» мебошад. Мафхуми «экология»-ро аз якчанд мавкеъ дида баромадан мумкин аст: - ҳамчун илме, ки як чузъи биология буда, пайвастагии байни организмхо, байни табиати зинда ва гайраро меомузад. - ҳамчун фалсафа, зеро хар яки моро тозагии об, ҳаво, халол ва мавриди истифода бурдани махсулоти хурока ва гайра ба ташвиш меорад. - ҳамчун касб, вакте, ки ба ин ё он натичаи экологи ҳангоми тартиб додани харита, интихоб ва таҳлил намудани сифати мухити зист баҳои эксперти бояд гузошт.

Экосистема[вироиш]

Истилохи «мухити зист», ки шумо онро, албатта, борхо шунидаед, маънои васеъ дорад. Он, ки дар гирду атрофии мо вучуд дорад, яъне растани ва ҳайвонот, шаҳру мактаб, хона, наздикону дустони мо мухити зист мебошад. Барои хар як махлуки зинда низ манзили зисти мувофик ё экосистема вучуд дорад. Экоситемахоро ба ду гурӯҳ чудо кардан мумкин аст. Якум – экосистемаи махдуд (локали), чои кам, масалан, каламрави парк, яъне бог, шаҳр ё минтаки муайянро дар бар мегирад. Намуди дигар экосистема экосистемаи глобали, яъне тамоми сайёраи Замин мебошад. Барои тасаввур намудани экосистемаи глобали як тортанакхонаи нихоят калонро ба назар оред, ки хар як хоначаи он экосистемаи махдуд ва объектҳои гайризиндаро ташкил дода, дар чамъбаст ягонаанд агар мо як тори онро даст расонем, хамаи он ба ларзиш меояд, агар канем, хамаи тортанакхона суст мешавад. Намуди экосистемаи глобали ҳамчун як шакли турро дорад, ки биосфера (яъне манзили хаёт) ном дорад.

Мушкилотҳои экологи дар шаҳр.[вироиш]

Азбаски шархр чоест, ки дар он тарзи зиндаги, рафтори одамиён ва хамаи дигари амалиётро ба танзим гузоштан мушкил аст, инчунин бо сабаби он, ки фазои шаҳр кобилияти худтанзимкуниро надорад, ин хама мухити зистро ба ифлосшави мерасонад. Аз хами наст, ки масъалаҳои зерини экология айнан бо шаҳр вобастаги доранд. 1. Масъалаи ифлсшавии ҳаво аз дуди мошин. 2. истифодаи партов. Чои ахлотрезии умуми на он кадар дур аз шаҳр аст ва ин холат охиста-охиста бо обҳои зеризамини омехта шуда, онро захролуд мекунад. Акнун тасавур кунед, ки оби нушокие, ки мо истифода мебарем, чигуна аст.! 3. истифодаи дуюмбораи захира. Одатан мо ахлот чизхоеро мепартоем, ки метавонем онхоро чандин маротиба истифода барем, масалан зарфҳои Шишагин, рузномаҳои кӯҳна, ашёи алюмини ва гайра.

Чаро дар Дуне партов бисер аст.[вироиш]

Яке аз мушкилиҳои калоне, ки холо вучуд дорад, зарфи пластики мебошад. Чунин зарф албатта намуди молро диккатчалб менамояд ва дар ракобат бо моли дигаре, ки ин гуна зарфро надорад, чандин маротиба чолибтар менамояд. ҳангоми хариди мол дар зарфи пластики, мо арзиши зарфро хами месупорем, чунки арзиши мол арзиши зарфро хам дар бар мегирад. Дар аксариати мамлакатҳои ғарб, конунхое вучуд доранд, ки истифодаи зарфҳои пластикиро маън мекунанд, аз баски истехсоли ин гуна зарфхо неруи зиёдеро талаб мекунад. Истифодаи зарфҳои шишагин бехтар асту фоидаовар. Таркиби партови шаҳри Душанбе хам, асосан, аз зарфу пакетҳои пластики, полиэтилен ва пластмасса иборат аст. Ва бояд таъкид кунем, ки ин гунна мавод дар табиат тачзия намешавад, ҳангоми сузонидан дар партовчойхо бошад вай аз худ моддаҳои захрнокро чудо мекунад, ҳаворо вайрон мекунад ва ба мухити зист таъсири манфи мерасонад.

Мухити зист ва истифодаи самараноки неру.[вироиш]

Неруеро, ки дар ҷаҳон вучуд дорад, ба се гурӯҳ чудо кардан мумкин аст. - манбаи сарфшавандаи неру- нафт, газ, ангишт. Захираи нафту газе, ки замин дорад, баъд аз 30 сол ба охир мерасад, захираи ангиш бошад баъд аз 150 сол. - яке аз манбаҳои баркароршавандаи неру чуб мебошад. Одамон чубро чунон бисер истифода мебаранд, ки чангалхо сари вакт баркарор шуда наметавонанд. Ин амал ба камшавии чангалзори замин оварда расонидааст. - неруи тамомнашаванда – неруи ядрои, неруи офтоб, шамол ва об.

Дар тамоми ҷаҳон микдори баъзе шомилҳои неру (энергоносители) нихоят кам шуда истодааст. Ба ёд биёред ки зимистон дар хонаи шумо чанд асбоби гармкуниро истифода мекунанд? Ва ин микдоро ба садхо хонаҳои дигар зарб занем, чи кадар мешавад? Бояд нисбати бархам додани исрофи неру чорахо андешид. Шояд аксарятхо бигуянд, ки пули неруи истифодабурдаашонро месупоранд ва ин маблаг пули кам хам нест. Лекин мо танхо маблагеро месупорем, ки барои истехсолшави ва ба чои истеъмол овардани неру сарф мешавад. Ба арзиши неру маблаги он зараре, ки ба табиат, шаҳр, инсон, расонида шудааст, дохил намешавад. Агар хамаи ин ба назар гирифта шавад, арзиши неру 6 маротиба зиёд мегардад.

Захираҳои обии Тоҷикистон.[вироиш]

Об яке аз боигирии асосии Тоҷикистон мебошад. Онро ба навъҳои зерин чудо намудан мумкин аст: - оби отмосфера – обес, ки ба шакли барф, борон, жола ба замин мефарояд. - оби руизамини – обест, ки дар руи замин аст-чуй, дарё, кул ва гайра. - оби тагизамини – обест, ки аз сурохиҳои замин ба руи он мебарояд (чашмахо). Масалан оби нушоки бевосита бо саломатии инсон вобастаги дорад. Оби нушоки бояд тоза бе бую ранг ва хуштаъм бошад. Оби ифлос дар таркиби худ химикатҳои органики ва гайриорганики, микробу паразитхоро дорад. Аксар вакт ранги ин гуна об тира ва таъму буяш нофорам аст. Истифодаи ин гуна об ба гирифтори бар хар гуна касалиҳои сирояти, аз чумла домана, исхол (дарунрави) ва дигар бемориҳои руда оварда мерасонад. Аз ин ру хамаи обро, ки барои истифода равона мегардад, бояд тоза кард. Афсус, ки дар чумхурии мо кувваи иншооти обтозакуни ба итмом расида, аксари онхоро таъмир ва тачдидро талаб менамояд. Айнан бо хамин сабаб, набояд обе, ки аз кубурҳои обрави меоянд, начушонида ва тахшин нашуда истифода бурда шавад.

Манбаҳои баркароршавандаи неру.[вироиш]

Неру зарур аст. Хаёти муосирро бе неруи барки, сузишвори ва неруҳои гайр тасаввур намудан гайри имкон аст. Ин гуна неру барои бурдани махсулоти кишоварзи ба бозор, талабагон ба мактаб, коргаронро чои кор зарур аст. Инчунин барои табобат, аз хурок ва пушок таъмин намудани ахоли, барои ташкил ва таракки намудани истехсолот, таъмини хона аз равшани, гарми, тамошои телевизор, нигох доштани озукавори дар яхдон. Имруз одамон нисбати пеш харгуна намудҳои неруро зиёдтар истифода мебаранд. Истифодабарии сузишвории зеризамини дар дунё аз соли 1992 то соли 1999 10% афзуд. Агар чунин раванд (яъне хар сол 2%-й афзудани истифодаи сузишвории зеризамини) тагийр наёбад, мо соли 2035 нисбат ба соли 1992 ду маротиба, соли 2055 бошад се маротиба зиёд сузишвори истифода мебарем, 80% неру дар ҷаҳон аз сузишвории зеризамини истехсол ва истеъмол мешавад. Кисми зиёди неру, ки алхол истифода бурда мешавад, мухити зистро хифз ва пешрафти устувор ва дарозмуддатро таъмин сохта наметавонад. Холо мо ба мамбаҳои баркароршаванда ва микдораш махдуд, чун сузишвории зеризамини (асосан ангишт, газ, нафт) вобаста мебошем, ки истифодаи он сабаби асосии ифлосшавии атмосфера, боридани барфу борони кислотадор ва тагир ёфтани боду ҳавост. Гузашта аз он, кисми зиёди конҳои коркарда шуда, баъд аз 100-150 сол хароб мегарданд ва ин ба бурхони энергетики хохат расонд. Алхол кариб 2 млрд, нафар ахолии ҷаҳон барои таёр намудани хурок ё гарм кардани хона сузишвории кифоя дарёфта наметавонанд ва ин аст барои онхо бухрони энергетики №1. Айнан барои хамин бояд на танхо технологияҳои навро барои нигах доштани неру чори ва манбаҳои неруи баркароршавандаро инкишоф намуд,