Нозология
Нозоло́гия (аз юн.-қад. νόσος — «беморӣ» ва λόγος — «сухан, таълим») — таълимот дар бораи бемориҳо, ки имкон медиҳад вазифаи асосии патологияи хусусӣ ва тибби клиникӣ ҳал карда шавад: шинохти робитаҳои мутақобилаи сохторию функсионалӣ ҳангоми патология, асосҳои биологӣ ва тиббии бемориҳо. Он этиология ва патогенезро дар бар мегирад. Нозология ба саволҳои зерин ҷавоб медиҳад: беморӣ чист ва он аз саломатӣ чӣ фарқ дорад, сабабҳо ва механизмҳои инкишофи беморӣ, шифоёбӣ ва марг кадомҳоянд[1].
Саломатӣ — ҳолати организм, ки дар он, пеш аз ҳама, мувофиқати сохтор ва функсия, инчунин қобилияти системаҳои танзимкунанда барои нигоҳ доштани гомеостаз қайд карда мешавад[2].
Беморӣ — аксуламали мураккаб, асосан мутобиқшавии организм дар ҷавоб ба таъсири омили беморизо, ки дар натиҷаи вайрон шудани робитаи байни организм ва муҳит ба вуҷуд меояд ва бо паст шудани маҳсулнокӣ ва арзиши иқтисодии организм ҳамроҳӣ мекунад[2].
Нозология аз таълимот ва мафҳумҳои зерин иборат аст:
- Этиология — таълимот дар бораи сабабҳо ва шароити пайдоиши бемориҳо.
- Патогенез — таълимот дар бораи механизмҳои пайдоиш ва инкишофи бемориҳо, шифоёбӣ ва марг.
- Патоморфогенез — тағйироти морфологӣ, ки ҳангоми инкишофи бемориҳо ба вуҷуд меоянд.
- Патоморфоз — таълимот дар бораи тағйирпазирии бемориҳо таҳти таъсири омилҳои гуногун.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Красников В. Е. Патофизиология: Вопросы общей нозологии. — Медицина ДВ, 2003. — С. 58—70.
- 1 2 Лютинский С. И. Патологическая физиология сельскохозяйственных животных / под ред. В. Н. Сайтаниди. — Москва: Колос, 2001. — С. 14—18. — 496 с. — ISBN 5-10-003484-X.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Адо А. Д. Вопросы общей нозологии: Историко-методологические этюды. — М.: Медицина, 1985. — 240, [4] с. — 12 000 экз.