Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Нони танӯрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нон -танӯр
Нони танӯрӣ
сурат
Кишвари асл
 Парвандаҳо дар Викианбор
Зани нонфурӯш дар растаи бозор

Нони танӯрӣ, Нони танӯр, Нон-танӯр ( ӯзбекӣ: tandir non, қаз.: таңдир нан) — нони анъанавии халқҳои Осиёи Марказӣ ( ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, уйғурҳо ва тоҷикон ) дар шакли кулчаҳои ҳамвор, ки дар танӯри анъанавӣ пухта мешаванд — танӯр.

Таркибот ва омодасозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таркиби маъмулии нонҳо — орди гандум, об, хамиртуруш, ширқаймоқ), равған, тухми кунҷит, сиёҳдона. Нони танурӣ вобаста ба усули тайёр кардан, таркиб ва навъҳои зиёди он вуҷуд дорад ва ҳар як миллат анъана ва дастурҳои худро дорад.

Ба орди гандум об (шир), намак, равған андохта хамир мекунанд. Аз хамир зуволаҳои 400-500-граммӣ бурида, НОни ғафсии канорҳояш 3-4 ва мобайнаш 1-сантиметрӣ месозанд. Ба ҷойи тунуки нон нонпар рахҳо мегузоранд. Нон дар танӯр то сурх шуданаш меистад. Ба рӯйи нони аз танӯр гирифта равған мемоланд. Навъҳои нонҳои танурӣ гуногунанд; нони обӣ, нони ширмол, нони равғанӣ ва ғайра. Ҳар як навъи нонрро бо усули махсус мепазанд. Масалан, тарзи тайёр кардани нони равғанӣ чунин аст: ба обу шир намак ва равғани дунба ё маска ҳамроҳ мекунанд ва пас об андохта хамир мешӯранд, баъд хамиртурушро зувола гирифта тунук мекунанд ва ба мобайнаш нонпар зада нақшдор мекунанд. Дар вақти ба танӯр часпондан ба болои лахча хокистар мепӯшанд, то ки фатир хомсӯз нашавад. Баъди аз танӯр кандани нон танӯрӣ ба рӯяш равған ё шир мемоланд, бо тухми кунҷит, сиёҳдона, чомағзи майдакарда ва диг.оро медиҳанд


Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]