Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Норалӣ Шаъбонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Норалӣ Нормирзоевич Шаъбонов
Шаъбонов Норалӣ Нормирзоевич
Таърихи таваллуд 10 январи 1958(1958-01-10)
Зодгоҳ вилояти Қашқадарё, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 31 майи 2022(2022-05-31) (64 сол)
Маҳалли даргузашт шаҳри Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ сиёсатшинос
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1993-1999)

Шаъбонов Норалӣ Нормирзоевич (10 январи соли 1958, деҳаи Боғучорбоғ, ноҳияи Деҳқонобод, вилояти Қашқадарё, ҶШС Ӯзбекистон – 31 майи соли 2022, шаҳри Душанбе) — муаррих, сиёсатшинос, омӯзгор, дотсент, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадори ҷанги Афғонистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Норалӣ Нормирзоевич Шаъбонов 10 январи соли 1958 дар деҳаи Боғучорбоғи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Пас аз хатми мактаби миёна ба факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1981 бо ихтисоси таърихшинос хатм намудааст[1].

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ҳамчун муаллими таърих оғоз карда, солҳои 1982–1983 ассистенти кафедраи коммунизми илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин буд. Аз сентябри соли 1983 то сентябри соли 1985 ҳамчун афсартарҷумон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон иштирок кардааст[2].

Аз соли 1985 то соли 2004 дар вазифаҳои гуногун дар сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст: ассистент, муаллими калон, муовини декани факултети фалсафа ва устоди кафедраҳои гуногун, аз ҷумла кафедраи коммунизми илмӣ, назарияи социализм ва равандҳои сиёсӣ[3].

Аз соли 2004 то августи соли 2012 мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буд. Минбаъд ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ баргашта, то соли 2022 дар ДМТ ҳамчун дотсент ва мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ фаъолият кардааст[4].

Рисолаи номзадии худро соли 2015 дар мавзӯи «Хусусиятҳои ташаккулёбии маданияти сиёсии ҷавонони донишҷӯ дар шароити тағйирёбии ҷомеа» бомуваффақият ҳимоя намуд.

Фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Норалӣ Шаъбонов муаллифи беш аз 115 маводи илмӣ ва омӯзгорӣ буда, осори илмии ӯ инҳоро дар бар мегиранд:

  • 2 монография;
  • ҳаммуаллифии 3 воситаи таълимӣ;
  • 2 китоби дарсӣ;
  • 6 барномаи таълимӣ;
  • 30 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тахассусии илмӣ;
  • 17 фишурдаи мақолаҳо;
  • 12 маърӯзаи илмӣ ва 43 мақола дар матбуоти даврӣ.

Ӯ аз фанҳои зерин ба донишҷӯён сабақ додааст:

  • Сиёсатшиносӣ
  • Психологияи сиёсӣ
  • Маданияти сиёсӣ
  • Асосҳои идеологияи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомеаи байналмилалӣ

Фаъолияти ҷамъиятӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ ва ҷомеа нақши фаъол дошт. Пайваста дар барномаҳои телевизион ва радио доир ба масъалаҳои марбут ба сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ иштирок мекард.

Ҷоизаҳо ва унвонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Ордену медалҳо барои хизмат дар ҷанги Афғонистон ва соҳаи маориф

31 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар синни 64-солагӣ бар асари бемории қалб даргузашт.