Норинисо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Норинисо
Норинисои Алимуҳаммад
Тахаллусҳо: Норинисо
Таърихи таваллуд: 25 март 1950(1950-03-25)
Зодгоҳ: деҳаи Раззоқи ХуҷандҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 19 март 2018(2018-03-19) (67 сол)
Маҳалли даргузашт: Хуҷанд
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 1980 то 2018
Жанр: шеър, қиссаҳои бадеӣ
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Ордени Шараф, Аълочии милитсияи тоҷик ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Норинисо (25 март 1950, Хуҷанд19 март 2018, Хуҷанд) — шоири тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Норинисои Алимуҳаммад шоираи шинохтаи тоҷик 25 марти соли 1950 дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд, дар оилаи марди фозил Алимуҳаммад, дида ба дунёи ҳастӣ кушода, сабақи аввалинро аз қиблагоҳаш меомӯзад. Норинисо аз падар доир ба мероси гузаштагон, бузургтарин ғазалсароёни форсу тоҷик маълумот пайдо мекунад ва дилбастагиаш ба олами бекарони адабиёт меафзояд. Понздаҳ сол дошт, ки падар дунёи фониро падруд гуфт. Норинисои ҷавон зери назорати падараш Қуръони Маҷид, осори пурғановати Ҳоҷа Ҳофизу Хоҷа Камол ва Бедилу Ҷалолиддини Румиро аз бар намуда буд. Пас аз сари падар, модар ба тарбияи ду фарзанди ноболиғи дигар машғул шуду Норинисои ҷавон пайи дарёфти ризқу рӯзӣ. Дар коргоҳе, ки падар муддати 35 сол он ҷо кор карда рӯзии оиларо меёфт, ба кор шурӯъ кард. Сари дастгоҳи шоҳибофӣ ҳам атлас мебофту ҳам атласи шеър. Ва ниҳоят сари дастгоҳи бофандагӣ нахустин сатрҳои шогирдонаи Норинисо тавлид шудаву, бо гузашти солҳо он ба чандин китоб табдил гаштанд.

Алимуҳаммад косиб, донандаи хуби китобҳои динӣ, ҳофизи Қуръон ва мухлиси ашаддии ғазалҳои лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз Алимуҳаммад-домулло чашм ба олами ҳастӣ во намуд. Азбаски синну соли Алимуҳаммад-домулло баркамол буд, аз тарси он, ки баъд аз вафоти ӯ китобҳояш пароканда нагарданд, Норинисоро аз синни 5-солагӣ ба таълимоти оятҳои Қуръон ва ҳамарӯза аз ёд намудани як ғазали Хоҷа Ҳофиз ҷалб намуд, ки ин нукта дар шеъри «Китоби ҳикмат»-и худи шоира ишора гаштааст:

…Чун зи кори пурмашаққат хона оӣ бегаҳи, Шеъри Ҳофиз бишнавӣ аз забони духтарат. Аз фараҳмандӣ аҷоиб чеҳраат пурнур буд, Зери айнак медурахшиданд чашмони тарат…

«Чаҳоркитоб»-у «Қуръон»-ро Норинисо дар ҳафтсолагӣ пурра ба охир расонид. Аммо бо сабаби хурофотпарастӣ ва камсаводии модар ӯ ба мактаби шӯравӣ дар синни нӯҳсолагӣ рафт. Муаллимаи аввалини шоира шодравон Баҳодурова ақли расо ва зеҳни тези Норинисоро ба зудӣ пай бурд. Ба ҳамсинфонаш ӯро мисол оварда чунин мегуфт: -Гарчанде Норинисо дар синфи 2 таҳсил карда истода бошад ҳам, малакаву донишаш баҳузур ба азхуд кардани барномаи синфи 4 мерасад. 20 апрели соли 1965 марги беамон устоди арҷманд ва падари бузургворро ба коми худ фурӯ бурд. Пас аз маросими дафн Норинисоро лозим омад, ки барои пеш бурдани чархи зиндагӣ ва ба по мондани се нафар додару хоҳараконаш дар паҳлӯи модар истад. Аз ин рӯ, гарчанде, ки ҷисман хеле нозук ва наҳифу ҷавон буд, ба Комбинати шаҳибофии шаҳри Хуҷанд, ки падари азизаш дар он ҷо зиёда аз сӣ сол фаъолият намуд, ба сифати бофанда ба кор даромад. Ва аз ҳамон давра шеърҳои аввалин ва навмашқонаи Норинисо рӯи қоғаз омаданд. Вай дар як вақт ҳам барои духтарони тоҷик атласи зебову рангоранг мебофту ҳам дар сараш хаёли бофтани атласи Шеърро менамуд. Соли 1967 бо дуои падаронаи нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, ки ба донишу заковати Норинисо қоил шуда, беихтиёр: «Баҳ, баҳ, ганҷ аз вайрона, ганҷ аз вайрона» гуфта буд, аввалин шеърҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» рӯи чопро диданд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба имрӯз шоира Норинисо соҳиби қариб бист маҷмӯаи ашъори худ аст. Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи «Дунёи умед» аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 «Оҳангҳои соҳил»-ро ба бор овард. «Гаҳвораи меҳр», «Садоқат», «Сию се ғазал», «Ҳазору сад сатр» бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, «Ошёни меҳр», «Лаҳзаи дидор», «Дарёи муҳаббат» ва «Меҳвари андеша»-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоира ашъори мунтахаб зери унвони «Дар зери чархи гардун…» бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид. Барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданаш аз ҷониби Президенти кишвар, сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон Норинисо соли 1998 бо Ордени «Шараф» мукофотонида шуд.

Субҳи 19 марти соли 2018 риштаи умри шоири ширинкалом Норинисо Алимуҳаммадова дар синни 68 солагӣ канда шуд. Норинисоро дар оромгоҳи «Гумбази қошуқ»-и шаҳри Хуҷанд ба хок супурданд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёт соли 1998 бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. Аъзои Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсияи тоҷик ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аъзои фахрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоира Норинисо ба мисоли Гурдофариди садаи XX дар давраи нобасомониҳо ва ҷанги бародаркуши солҳои 1990—1992 дар майдони набард ҳамчун зани озодихоҳ ва ватандӯст ҳамаро ба сулҳу осоиштагӣ ҳидоят менамуд. Имрӯзҳо ҳамчун намояндаи халқии шаҳри Душанбе дар пайи ободиву озодии мамлакат ва баҳри пешбурди иқтисодиву сарсабзии он талош меварзид.

Дарди ман, дарди туву дарди ватан,
Дарди модар, дарди миллат, дарди зан…
Дарди ман Гурдофаридам кардааст,
Пири Санъонро муридам кардааст.

Забони тоҷикӣ

Мағзи ҷонам, нури имонам, забони тоҷикӣ,
Ифтихору шуҳрату шонам, забони тоҷикӣ.
Меҳр дорад, сеҳр дорад, шакару шириниҳо,
Ҳадяе аз Оли Сомонам, забони тоҷикӣ,
Ҳифз карда хештанро аз ҳазору сад бало,
Ҳастиям, инсофу ирфонам, забони тоҷикӣ.
Шодию дарду ғамамро мекунам тақсим агар
Сахт ҳамчун аҳду паймонам, забони тоҷикӣ.
Ҳофизи Шероз бо Саъдӣ ҳамовозӣ кунанд,
«Бӯстонам», ҳам «Гулистонам» забони тоҷикӣ.
Аз Маҳастии сухан, Зебуннисову Робия
Монда мерос аз ниёгонам забони тоҷикӣ.
Шукри Истиқлоли миллат мекунад, Норинисо,
Тӯҳфае аз лутфи Яздонам забони тоҷикӣ.

Агар китобҳои дигари шоираро дастрас карда хонед, ғизои ширини маънавӣ мебардоред. Норинисо тавассути шеъраш шуморо ба некиву накӯкорӣ, меҳанпарастӣ, дӯст доштану дастгири якдигар будан ва китобхону китобдӯст шудан, раҳнамун месозад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Оҳангҳои соҳил: Шеърҳо. — Душанбе: Ирфон,1983. — 96 с.
  2. Риштаи хаёл: Шеърҳо. — Душанбе: Маориф,1987. — 80 с.
  3. Гаҳвораи меҳр. — Душанбе: Адиб,1988. — 160 с.
  4. Сию се ғазал. — Хуҷанд,1993. — 40 с.
  5. Ҳазору сад сатр. — Душанбе: Сурушан,1998. — 64 с.
  6. Лаҳзаи дидор: Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Сурушан,2001. −152 с.
  7. Ошёнаи меҳр: Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Деваштич,2004. −84 с.
  8. Скоро в школу: Стихи. — Душанбе: НПО Истикбол,2006. — 9 с.
  9. Дарёи муҳаббат: Сад ғазал. — Душанбе:Ҳумо,2007. — 108 с.
  10. Дар зери чархи гардун. — Хуҷанд,2013, — 667 с.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ордени «Шараф» (1998)[1][2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. — Душанбе,2013, — с. 31
  2. Рӯнамои китоби шоира Норинисо дар Хуҷанд «Согдийская правда» 28.03.2013