Носири Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Носири Бухороӣ

Носири Бухороӣ (форсӣ: ناصر بخارایی‎; 1300, Бухоро — 1372) — хаттот[1], сӯфӣ ва шоири форс-тоҷик, муаллифи маснавии «Ҳидоятнома».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тазкира ва китобҳои таърихи бо номи Шох Носир ва Дарвеш Носири Бухорои низ омадааст. Вай аз дӯстони Салмони Совачист (1300—1376) ва аз муосири Султон Увайси Чалоир буда, чанд қасида ба номи ин ҳоким низ дорад. Навиштаанд, ки Носири Бухорои бо Салмони Соваджи мушоира доштааст. Боре Салмон барои табъозмоии Носир мисраи зерро гуфтааст:

Дачларо имсол рафтори ачаб мастона буд.

Носир фавран ба такмили ин мисраъ фармудааст:

Пой дар занчиру каф бар лаб, магар девона буд?

Соли таваллуд ва вафоти Носири Бухороиро хеч як сарчашмаҳои муътамад зикр накардаанд. Дар бораи ҷараёни зиндагиаш низ хеч гуна санади пуррае дар даст надорем. Вале аз ашъори худи ӯ маълум мешавад, ки пас аз таҳсили илм ва ба сафар баромада бештарин шаҳрҳои Хуросон ва Шерозро саёхат кардааст. Дар зиндагӣ фақир ва шахси қаноатпешае будааст.

Носири Бухорои ғазал ва қасидохояшро дар сабки суханварони Ироқ некӯ ва устодона сурудааст.

Устод Саид Нафиси миқдори ашъори вайро 4000 байт гуфтааст. Вале аз қуллиёти комили Носир, ки мавчуд аст, ошкор мегардад, ки тақрибан дорои 7000 байт мебошад. Ќуллиёти шоир, ба ғайр аз қасида ва ғазалиёт, як маснавии орифонае низ дорад, ки «Ҳидоятнома» унвон кардааст.

Соли даргузашти Носири Бухороиро Соми дар «Ќомусулаълом» 776 ҳиҷрӣ (1374 мелодӣ), вале Саиди Нафисӣ 773 ҳиҷрӣ (1371 мелодӣ) қайд кардаанд.

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахт гӯ то назари лутф ба кор андозад,
Дасти ман гираду дар гардани ёр андозад.
Рӯзи он аст, ки баҳри карамат мавч занад,
Киштии хастии моро ба қанор андозад.
Пойбуси ту наёбам, магар он дам, ки сабо,
Бибарад хокам бар рохгузор андозад.
Гамзаат бар чигар андохт хадангеву ҳанӯз,
Нигарон аст дили ман, ки ду бор андозад.
То гули руйи ту дар хоб набинам хар шаб,
Хачри ту бистари ман бар сари хор андозад.
Гаштаам куштаи чашми ту, ки он сахткамон
Ба яке тир чу ман сайд ҳазор андозад.
Гуфт Носир: «Ба ман он дӯст наяндохт назар»,
Дуст хар чо назари хеш чи кор андозад?!
Сироти мо рахи майхона бошад,
Бихишти мо рухи ҷонона бошад.
На тӯбо хуштар аз болои дилбар,
На кавсар бехтар аз майхона бошад.
Маро, эй зохид аз дузах матарсон,
Ки оташ роҳати парвона бошад.
Агар сад тег борад марди ошик,
Натобад руй чун мардона бошад.
Магу воиз ба мо аз куфру имон,
Ки томоти шумо афсона бошад.
Бубинад окилон, хар к-у кунад гуш,
Ба назди ошикон девона бошад.
Наёби бар дили Носир ба чуз дӯст,
Макоми ганҷ дар вайрона бошад.
Гул андар дидаам бе нақши рӯят хор меояд,
Зи хар барги гуле бар дил маро сад бор меояд.
Сиришки лаъл дар савдои мо бисёр меафтад,
Матои факр дар бозори мо бисёр меояд.
Хаёли абруят дар чашми ман пайваста мегардад,
Камон аз дидаҳои ростбин тайёр меояд,
Нахохам рафт аз куят ба дашноми ракиб, аммо
Самои таънаҳои душманон душвор меояд.
Бадон дар руйи некуят хамебинанду медонад,
Ки аз чашми бад осебе бад-он рухсор меояд.
Ба ғайри бода дар дасташ ҳама бо бод мемонад,
Ба ғайри ёр дар чашмам ҳама агёр меояд.
Хама дорам назар, к-он чо нишони дӯст меёбам,
Ба гул бар ошикам, к-аз вай насими ёр меояд.
Ба чуз чашми ту Носирро касе дигар намепурсад,
Хамон беморро рахме бар ин бемор меояд.
Омад бахору мавкаби гулхо расидааст,
Лола алам ба кӯҳу ба саҳро кашидааст,
Булбул суруд гуфта, сарандоз гашта сарв,
Гунча зи завки чуббаи хузро даридааст.
Дар чашми шухи наргиси ту хеч шарм нест,
Кур аст он ду наргиси раъно надидааст.
Сабза синон кашида хамегуяд обро,
Нодида магзаред, ки гулхо дамидааст.
Доге, ки хачр кард маро душ бар чигар,
Хар наърае задам, ки Сурайё шунидааст.
Бар боми чарх рафт дилу зери бори ӯ
Пушти дутои гунбади мино хамидааст.
Дил гуфт тарки Носиру омехт бо ғамаш,
У катра буду ҷониби дарё дамидааст.
Дарвешро, ки кунчи каноат мусаллам аст,
Дарвеш ном дораду султони олам аст.
Гар курси гарми меҳр барорад танури чарх,
Дар вакти чошт суфраи дарвешро кам аст.
Рӯзе туро ба захри хаводис кунад халок,
Гардуни ҳалқакарда, ки чун мори аркам аст.
Дархам шавад зи баҳри дирам холи одами,
Оре, тамоми сурати дархам чу дирхам аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ناصر بخارایی(форсӣ). www.golha.co.uk. 8 апрели 2024 санҷида шуд.