Носирҷон Салимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Носирҷон Салимӣ
Юсуфзода Носирҷон Салимӣ
Таърихи таваллуд 3 декабр 1960(1960-12-03) (63 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Носирҷон Салимӣ Юсуфзода (3 декабри 1960, Хуҷанд) — доктори илмҳои филология (2002), профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2008).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Салимов Носир Юсупович, 3 декабри соли 1960, дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1982 баъд аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба ҳайси лабарант, муҳаққиқи коромӯз ва баъдан чун аспирант фаъолият дошт.

Иштирок дар интихобот[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Соли 2002 ва 2005 — вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соли 2010 — вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб шудааст,
  • Моҳи марти соли 2005 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1990 — рисолаи номзадӣ ва дар соли 2002 — рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли 2004 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2008 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1991 ҳамчун беҳтарин олими ҷавон барои силсилаи мақолаҳо ба дарёфти шаҳодатномаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ноил гардида, соли 1999 барои китоби дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» ба дарёфти Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ»-и Ҳукумати вилояти Суғд мушарраф шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ монографияҳои:

  • Маърифати бадеии таърих. — Хуҷанд, 1997,12 ҷ.ҷ.,
  • Мероси Оли Сомон. — Хуҷанд, 2001, 43,6 ҷ.ҷ.,
  • Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу тоҷик (асрҳои IX—XIII). — Хуҷанд, 2002, 25 ҷ.ҷ.

Беш аз 100 мақолаи илмӣ — омавӣ нашр намудааст. Дар таҳияи ёдгориҳои хаттии асрҳои миёна, аз ҷумла:

  • Хазору як шаб. Ҷилдҳои 1-2. — Душанбе: Адиб", 1992,
  • Сомониён дар оинаи таърих. Ҷилдҳои 1-2. — Хуҷанд, 1998,
  • «Сафарнома»-и Носири Хусрав,
  • «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ва диг. иштирок дошт.

Осори нависандагони рус ва булғорро бо номҳои

  • Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст. — Душанбе: Ирфон, 1998
  • Ҳикояҳои А. П. Чехов. — Душанбе, 1991 тарҷума кардааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ» -и Ҳукумати вилояти Суғд
  • Бо нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Остона» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]