Jump to content

Нотанависӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нотанависӣ, нутнависӣ (лот. notatio, аз лот. nota — аломат) — систе­маи аломатҳои хаттии шартист, ки усули навишти хос дошта, овозҳои мусиқиро ифода мекунад.

Усули нотанависии имрӯза маҳсули ҷустуҷӯйҳои зиёди илми ва амалин халқҳои гуногун дар тӯли қарнҳо мебошад. Дар Мисри қадим овозҳои мусиқиро бо усули пиктографӣ (тасвирӣ) ифода мекарданд. Дар Бобулистон усули идеографи (ҳузвориши)-и навишти овозҳои мусиқии бо ёрии хатҳои ме­хӣ маъмул буд. Баъдтар барои ифо­даи овозҳои мусиқӣ системаи ҳарфиро истифода бурдаанд, ки он бидуни дарозӣ танҳо баландии овозро ифода мекард. Ин усул дар Юнони Қадим расм шуда, то асри 10 (яъне то вақти бо ҳарфҳои лотинӣ иваз шудан) вуҷуд дошт. Ба системаи ҳарфии нотанависии Осиёи Миёна Абунасри Форобӣ (асри 10) асос гузоштааст, ки он нисбат ба усули нотанависии Юнон хеле мукаммал буда, қаторовозҳои дар диапазони ду октава амалкунандаи созҳои мусиқӣ (уд)-ро ифода ме­кард.