Jump to content

Ноҳияи Аломудин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи Аломудин
Аламүдүн району
Кишвар  Қирғизистон
Тобеъи Вилояти Чуй
Шомили 17 ҳавзаи деҳот
Маркази маъмурӣ деҳаи Лебединовка
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1974
Масоҳат 3028 км²
Вақти минтақавӣ UTC+6:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 200 972 нафар (2024)
Миллият қирғизҳо, русҳо ва ғайра
Мазҳаб мусулмонон ва насрониён
Забони расмӣ қирғизӣ
Ноҳияи Аломудин дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Аломудин (қирғ. Аламүдүн району) — воҳиди маъмурии вилояти Чуйи Қирғизистон. Пойтахти ҷумҳурӣ — Бишкекро худуди ноҳия гирд карда бошад ҳам, ба ҳайати он дохил нест. Маркази маъмурӣ — деҳаи Лебединовка.

26 ноябри соли 1959 як қисми ҳудуди ноҳияи барҳам додашудаи Қизил-Аскар ба ноҳияи Аломудин ҳамроҳ карда шуд. Соли 1974 ноҳияи Аломудин (Аламедин) аз ноҳияи Кант ҷудо карда шуд. Дар солҳои 1990 имлои номи минтақа (Аламедин) ба шакли муосир (Аламудун) иваз карда шуд.

Тибқи барӯйхатгирии Қирғизистон дар соли 2009 аз 148 032 сокини ин минтақа 86 550 нафар қирғизҳо (58,5%), русҳо — 37 312 нафар (25,2%), уйғурҳо — 5503 нафар (3,7%), қазоқҳо — 2161 нафар (1,5%), ӯзбекҳо — 2032 нафар (1,4%), курдҳо — 1907 нафар (1,3%), озарбойҷонҳо - 1852 нафар (1,2%), туркҳо — 1810 нафар (1,2%), тоторҳо — 1751 нафар (1,2%), украинҳо — 1668 нафар (1,1%), кореягиҳо — 1261 нафар (0,8%), олмониҳо — 1141 нафар (0,8%).

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳалҳои аҳолинишини калон: Лебединовка, Ленинское, Молдовановка, Бойтик [2].

Маҳалҳои аҳолинишини деҳотӣ, ки ба 17 ҳавзаи (ҷамоати) деҳот дохил мешаванд:

Сокинони машҳур

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Абдраимов, Ишембой (1914-2001) — лётчик, Лётчики хизматнишондодаи СССР
  • Отамбоев, Алмосбек Шаршенович (1956— то ҳол) — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Сарвазир (2010)
  • Гришин, Иван Александрович (1918-1960) - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
  • Қидикеева, Бакен (1923-1994) – ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии СССР (1970)
  • Қиизбоева, Сайра (1917-1988) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии СССР (1958)
  • Кӯюқова, Даркӯл (1919-1997) – ҳунарпешаи театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии СССР (1967)
  • Таранчиев, Исмоилбек (1923-1944) — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
  • Чоқморов, Суймӯнқул (1939-1992) - ҳунарпешаи синамо, Ҳунарпешаи халқии СССР (1981)
  • Исмонов, Ҳусайн (24.01.1924 - 28.09.1956) Кавалери пурраи ордени Шараф