Ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Душанбе
Раиси ноҳия Қодирзода Руслан Раҷаб (аз 2023)[1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат 37,59 км² (18,5 %, 4-ум ҷой)
Аҳолӣ
Аҳолӣ 148,7 ҳаз. нафар (2019)(17,6 %, 4-ум ҷой)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Бинои порлумони Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ — яке аз чаҳор ноҳияи дохилишаҳрии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст.

Хурдтарини аз онҳо ҳам аз ҷиҳати масоҳат ва ҳам аз ҷиҳати аҳолӣ. Тибқи маълумоти соли 2019 дар ноҳия ҳудуди 148,7 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд[2].

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замони шӯравӣ ва аввали пасошӯравӣ ин ноҳия Октябрский [3] ном дошт, баъдан дар доираи маъракаи барқарорсозӣ ва тарғиби ҳувияти миллӣ ба ифтихори амир Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шуд.

Ҷуғрофия[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ як қисми маркази шаҳри Душанбе, аз ҷумла хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ва нӯги шимолии шаҳрро дар бар мегирад. Дар ҳудуди ноҳия биноҳои Маҷлиси Олии (парлумони) Тоҷикистон, шаҳрдории шаҳр ва дигар муассисаҳои муҳим ҷойгиранд.

Исмоили Сомонӣ сабзтарин ноҳияи пойтахти Тоҷикистон буда, дар ҳудуди он минтақаҳои сабзу хуррам мавҷуд аст: Боғи Ғалаба, Боғи Ҳукумат, Боғи Парчами миллӣ, Боғи Садриддин Айнӣ, Боғи кӯдакон, Боғи Рӯдакӣ, Майдони Шуҳрати Комсомол, Боғи ботаникии Ирам, Боғи Истиқлолият ва Озодӣ, Боғи Гагарин. Бузургтарин қабристонҳои шаҳр – Мусулмонӣ, Православӣ, Сариосиё низ дар ҳамин маҳал ҷойгир шудаанд.

Маҳаллаҳо дар ноҳия: Нерӯгоҳи барқи обии Варзоб, Варзоб, Анзоб, Озодӣ, Лоиқ Шералӣ, Нодира, Хоҷамбиё, Шафақ, Чашмасор, Шӯраксой, Шимолӣ, Кӯҳдоман, Майдони Сарҳадчиён, Шотемур, Умари Хайём, Зайнаббибӣ, Бадахшон, Сариосиё, Сурхоб, Бохтар, Турсунзода, Тошкант, Шарқ, Амиршоев, Ҳазора, Шабчароғ, Яккабоғ, Лоҳутӣ ва ғ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Указы Президента Республики Таджикистан | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 11 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2023.
  2. Общая информация. Исполнительный орган государственной власти города Душанбе(пайванди дастнорас — таърих). 12 октябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 сентябри 2020.
  3. Председатель Общества ветеранов: Джурахонзода Саид Каюм. Министерство внутренних дел Республики Таджикистан(пайванди дастнорас — таърих) (11 май 2016). 13 октябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 октябри 2020.