Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ | |
---|---|
39°27′03″ а. шим. 69°44′14″ т. ш.HGЯO | |
Кишвар |
![]() |
Тобеъи | Вилояти Суғд |
Маркази маъмурӣ | Меҳрон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | соли 1996 |
Масоҳат | 3723[1] км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 22 800 [2] нафар нафар (2015) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон-сунниҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | +992 3479 |
Нишонаи почта | 735520 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 02 TJ |
![]() |
|
![]() |
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон. Ноҳия соли 1996 ташкил шудааст. Аҳолӣ: 22 800 нафар. Масоҳат: 3723 км². Масофа: аз маркази ноҳия то Душанбе 252 км.
Ҷойгоҳ[вироиш]
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Иқлим[вироиш]
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Таърих[вироиш]
Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои таърихии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ду ноҳия бо номи Мастчоҳ мавҷуд аст. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи Мастчоҳ. Соли 1996 Ҳукумати мамлакат бо мақсади эҳёи ноҳия ва бо истифода аз имкониятҳои мусоиди он тараққӣ додани боғдориву картошкапарварӣ ва чорводорӣ масъалаи аз нав таъсис дод. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баъд аз ҷудо кардани ҳудуди ноҳияи Айнӣ соли 1996 ҳамчун ноҳияи мустаъқил дар вилояти Суғд таъсис шудааст.
Мардум[вироиш]
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Бахшбандӣ[вироиш]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 2 ҷамоат дорад.
Ҷамоатҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ [3] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Иван-Тоҷик | 12 381 | ||||||||||
Лангар | 8 845 |
Ҳукумат[вироиш]
Сарвари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳия барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисод[вироиш]
Ноҳия аграрӣ буда, маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда ғалладона, боғдориву картошкапарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Майдони заминҳои картошка ҳоло то 2000 гектар васеъ гардидааст. Аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ ба ноҳия 440 сар қутос ворид карда шуд буд, ки ҳоло саршумори он қариб ду баробар зиёд шудааст. Як самти муҳимму фоидаовари соҳаи кишоварзии ноҳия рушди занбӯрпарварӣ ва истеҳсоли асал ба шумор меравад. Дар ҳудуди ноҳия дар доираи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ оилаҳои занбӯри асал ба 1200 адад расонида шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар нимсолаи аввали соли 2016 ба 8 тонна расидааст.
Дар ҳудуди рӯдхонаи Зарафшон дар гузашта ҳунари заршӯӣ ривоҷ доштааст. Кӯҳистони Масчоҳ захираҳои коркарднашудаи тило, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва дигар навъҳои маъдан хеле зиёданд ва истифода аз чунин имкониятҳо метавонад ба рушди саноати ноҳия, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд. Айни замон аз ҷониби Ҷамъияти «Апрелёвка» лоиҳаи таъсиси коргоҳи ҷамъоварии тило ва ба роҳ мондани фаъолияти заршӯӣ аз дарёи Зарафшон таҳия шудааст, ки дар фурсатҳои наздик корҳо дар ин самт оғоз мегарданд.[4]
Маориф ва фарҳанг[вироиш]
Дар давоми 20 соли охир 12 муассисаи нави таълимӣ, ки аксари онҳо дар Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои давраи то соли 2015 пешбинӣ гардида буданд, бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.[4]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Горно-Мастчинский район. Снижение стихийных бедствий КЧС и ГО
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
- ↑ http://www.gonchi.tj/tj/jamoatho/47-2012-10-14-12-03-26 jamoatho Ҷамоатҳо
- ↑ 4.0 4.1 Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ