Ноҳияи Ховалинг
Ноҳияи маъмурӣ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Тобеъи | Вилояти Хатлон |
Шомили | 1 шаҳрак, 5 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Ховалинг |
Роҳбар | Мирзозода Музаффар Бурҳон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 1930 |
Масоҳат | 3630,9 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 58300[2] нафар (2022) |
Зичӣ | 31,8 нафар/км² |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ-KT |
Коди телефон | +992 3317 |
Нишонаи почта | 735140 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ03 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳияи Ховалинг — яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфтааст. Соли 1958 дар натиҷаи муҳоҷир намудани оҳолии ноҳия ба дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳия барҳам дода шуд. 26 апрели соли 1983 аз нав таъсис дода шуд. Аҳолиаш 54 100 нафар. Масоҳаташ 3630,9 км2. Марказаш — шаҳраки Ховалинг.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ховалинг, ки як гӯшаи шаҳри Мунки бостонӣ аст, дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ аз он зикр шудааст. Дар бораи пайдоиш ва маънои калимаи Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ ва забоншиносӣ ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Этимологияи ин калима аз шакли "хваралунка"-и забони порсии қадим ва миёна пайдо шудааст, ки ба маънии хвара-хур,ҳур, яъне рӯшноӣ, офтобӣ ва лунка ё лунг- теппа, замин, диёр. яъне диёри офтобиро дорад. табиат ва иқлими мусоид ва офтобии ин диёр таҳкимдиҳандаи далелҳои дигар мебошад. Дар ҳудуди ноҳия чанд мавзеи таърихӣ ёфт шудааст, ки аз таърихи қадима доштани Ховалинг гувоҳ аст. Аз ҷумла, бошишгоҳи Кулдара. Ин бошишгоҳ ба давраи палеолити поён тааллуқ дошта, умри 950 ҳазорсола дорад ва яке аз кӯҳантарин мавзеъ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино бар омори соли 2016 аҳолии ноҳия 54,1 ҳаз. нафарро ташкил мекунад.
Сол | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
57,0 | 57,9 | 57,1 | 58,3 |
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ховалинг 5 ҷамоат[3]. дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Ховалинг [3] | |||||||||||
Ҷамоатҳо | Аҳолӣ | Деҳаҳо | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Ховалинг, шаҳрак | 500 | 1 | |||||||||
Ховалинг | 10906 | 1 | |||||||||
Ҷомбахт | 13662 | 15 | |||||||||
Ғаффор Мирзо | 8806 | 14 | |||||||||
Лоҳутӣ | 12732 | 26 | |||||||||
Шугнов | 7666 | 14 |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Ховалинг Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзишу парвариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ниҳодҳои фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Беҳдошту беҳзистӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ 3.0 3.1 Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с.101-102