Ноҳияи Хуросон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Ғозималик)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Хуросон
Location of Khuroson District in Tajikistan.png
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Хатлон
Шаҳр :
Замони таъсис :
Шаҳр аз :
Раиси ноҳия: Убайдуллои Файзулло
Ҷуғрофиёи табиӣ
Координатаҳо :
Паҳноварӣ :
Мардум
Аҳолӣ (2015) : 96,7 ҳазор нафар (2015)
Зичии аҳолӣ (2010) :
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Пешшумора :
Нишонии почта :
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03TJ

Ноҳияи Хуросон — яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст. Маркази ноҳия шаҳраки Обикиик мебошад.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Масоҳати ноҳия 896,1 км2. Ноҳия дар қисми Шимолии қаторкўҳҳои Ғозималик ҷойгир буда, аз тарафи Шарқ бо ноҳияҳои Ёвон ва ба номи А. Ҷомӣ, аз тарафи Ҷануб бо ноҳияҳои Бохтар ва Ҷиликул, аз ҷониби Шимол бо ноҳияи Рудакӣ ҳамсарҳад мебошад. Маркази ноҳия шаҳраки Обикииказ шаҳри Душанбе дар масофаи 45 км ва аз шаҳри Қӯрғонтеппа дар масофаи 40 км ҷойгир аст.

Мардум[вироиш]

Мардуми Хуросон ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Хуросон 96,7 ҳазор нафар (2015) ҷамъият дошт.

Таърих[вироиш]

Соли 1936 ва аз нав 28–уми апрели соли 1983 ба номи ноҳияи Илич ташкил шуда, аз 12-уми марти соли 1992 номи ноҳияи Ғозималик ва аз 12 феврали соли 2004 номи ноҳияи Ғозималик ба [1] ноҳияи Хуросон тағйир дода шуд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Хуросон 1 шаҳрак ва 4 ҷамоат[2] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Панҷ[3]
Ҷамоат Аҳолӣ
Обикиик (шаҳрак)
Садриддин Айнӣ
Фахробод (собиқ Даҳанакиик)
Ғаллаобод (собиқ Обикиик)
Ҳилолӣ

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Хуросон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2004 – ум, № 503,
  2. "Феҳристи ҷамоатҳо". UN Coordination, Tajikistan.  Unknown parameter |боздид= ignored (help)
  3. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Civil_Society/Kulyab_AO/CS15.pdf


Ноҳияҳои Хатлон
Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод