Нуралӣ Айюбӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуралӣ Айюбӣ
Нуралӣ Айюбӣ
Таърихи таваллуд: 22 апрел 1933(1933-04-22) (90 сол)
Зодгоҳ: Кӯлоб ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, шоир
Самт: реализм
Забони осор: забони тоҷикӣ

Нуралӣ Айюбӣ — шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Нуралӣ Айюбӣ 22 апрели соли 1933 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Баъди соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш гардидан, вориди факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб шуда, баъди хатмаш (1958) ба кори таълиму тарбияи насли наврас пардохтааст. Солҳои охир дар кафедраи забони тоҷикии донишкадаи мазкур ба ҳайси саромӯзгор фаъолият доштааст. Аз овони мактабхонӣ ба мусиқию шеъргӯӣ рағбат пайдо карда, дар байни мардум овозадор гардидааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи маҷмӯаҳои манзуму мансури «Рангинкамон», «Меҳри Хатлон», «Арзи сипос», «Панҷаи Хуршед», «Эҳдо», «Эҳё», «Маҳзар», «Башорат», «Мерос», «Субот», «Девони ашъор» ва ғ. мебошад. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 31 ISBN 978-99947-2-379-9