Нурафшон (деҳа, н. Ҳисор)
Jump to navigation
Jump to search
Деҳа | |
Нурафшон | |
Кишвар | |
---|---|
Вилоят | |
Ноҳия | |
Ҷамоат | |
Забони расмӣ | |
Аҳолӣ |
1615 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | |
Ҳайати динӣ | |
Коди телефон |
+992 3139 |
Нишонаи почта |
735020 |
Коди мошин |
TJ07 |
Нурафшон (собиқ Шӯроби Поён) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Нурафшон то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 1615 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Таърих[вироиш]
Деҳа солҳои 1928—1932 аз тарафи муҳоҷирони аз деҳаи Тула (Боғистон), дараи Зиддӣ, минтақаи Қаротегин ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада бунёд шудааст. Оби ҷӯйе, ки аз миёнаи Нурафшон мегузарад, шӯр аст. Аввал Нурафшон «Кӯр» ном доштааст. Баъд Шӯроб ном гирифтааст[2].
Иқтисод[вироиш]
Дар деҳа мактаби миёна, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ ва 3 мағозаю дӯкон фаъолият доранд[2].
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 428