Нуриддини Амриддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Нуриддини Амриддин
Нуриддини Амриддин
Санаи таваллуд:

6 августи 1956

Зодгоҳ:

ноҳияи Дарвоз

Навъи фаъолият:

шоир

Нуриддини Амриддиншоир, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1982), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2007)

Зиндагинома[вироиш]

Нуриддини Амриддин 6 августи соли 1956 дар деҳаи Бровги ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1974 мактаби миёнаи ба номи Акашариф Ҷӯраев, соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1980 ба ҳайси муҳаррири хурди Саридораи гуфторҳои «Ахбор»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст. Охири ҳамон сол ба рӯзномаи «Коммуна» (ҳозира «Шаҳриёр)-и шаҳри Ваҳдат ба кор гузашта, дар вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир фаъолият бурдааст. Аз ибтидои соли 2010 сармуҳаррири ҳамин рӯзнома мебошад.

Эҷодиёт[вироиш]

Дар давоми беш аз сӣ соли ахир машғули фаъолияти эҷодӣ буда, дар ин давра маҷмӯаҳои «Гарди армон» (1996), «Лутфҳои Мирзоӣ» (2001), «Сапедадами нуронӣ» (2010)-яш пешкаши хонандагон гардидаанд. Шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ чоп шудаанд.

Мукофот[вироиш]

  • Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Медали «Хизмати шоиста»;
  • Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.40 ISBN 978-99947-2-379-9