Нусратулло Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусратулло Каримов
Нусратулло Каримович Каримов
Таърихи таваллуд 2 январ 1934(1934-01-02) (90 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ техника
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Нусратулло Каримович Каримов (тав. 2.01.1934, шаҳри Душанбе), номзади илмҳои техникӣ (1974), профессор (2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1953 Техникуми матоъбофии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Солҳои 1954–1959 донишҷӯи факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1959–1967 ассистент, 1967–1969 муаллими калони кафедраи асосҳои истеҳсолоти донишкадаи номбурда, 1969–1972 аспиранти Институти илмӣ-тадқиқотии хоҷагии қишлоқ, 1972–1974 ходими калони илмии институти мазкур, 1974–1975 муаллими калони кафедраи асосҳои истеҳсолот, 1975–1988 мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ, 1988–1993 дотсенти кафедраи номбурдаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Ҳамзамон, солҳои 1979–1991 раиси Ҷамъияти умумииттифоқии ихтироъкорони донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1993–2008 ҳамчун мудири кафедраи технология ва мошиншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2002 то ба имрӯз профессори кафедари мазкур аст. Муаллифи як рисолаи илмӣ, 6 дастури таълимӣ ва зиёда аз 70 мақолаҳои илмию методӣ мебошад. Инчунин дорои 3 ихтироот ва 2 патент барои истеҳсолот мебошад. Мавзӯи корҳои илмию тадқиқотияшро масъалаҳои ихтирооти масолеҳи конструксионии ба соиш тобовари антифриксионӣ ва антикоррозионӣ ташкил медиҳад. Бо роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Дар конференсияҳои мухталифи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Армавир, Даргобич, Кривой-Роги (ҶШС Украина), Мозар (ҶШС Беларус), Вилнус бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Давоми 8 сол аъзои Шӯрои илмию методии Вазорати маорифи ИҶШС буд. Барои хидматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1977), унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС, Вазорати мактабҳои олӣ ва махсуси ИҶШС ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Истифодаи саройи мошину тракторҳо, Д., 2002;
  • Машғулиятҳои лабораторӣ аз фанни технологияи масолеҳи конструксионӣ, Д., 2003;
  • Асосҳои тармими сарои мошину таракторҳо ва масолеҳшиносӣ, Д., 2009;
  • Физико-химические основы технологии элементоэпоксидных антифрикционных и защитных покрытий, Д., 2010.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]