Обидов Фозил Саидович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Обидов Фозил Саидович
Обидов Фозил Саидович
Таърихи таваллуд: 31 январ 1961(1961-01-31) (60 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Обидов Фозил Саидович — иқтисодчӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор. вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Обидов Фозил Саидович 31 январи соли 1961 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Ихтисос: иқтисодчӣ. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.[1]

  • Солҳои 1978-1979 Коргари анбори марказии совхози ноҳияи Ховалинг
  • Солҳои 1979-1981 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
  • Солҳои 1981-1987 Шунавандаи шуъбаи тайёрӣ, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номиВ.И.Ленин
  • Солҳои 1987-1988 Оператор, муҳандиси МА-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
  • Солҳои 1988-1990 Ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
  • Солҳои 1990-1993 Аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
  • Солҳои 1993-2002 Ассистент, мудири шӯъба, дотсент, и.в. мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2002-2008 Мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2008-2019 Декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Аз феврали соли 2019 то соли 2020. Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Обидов Фозил Саидович(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.