Ободдарра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ободдарра -деҳа дар қисми ҷанубии Ҷамоати Алмосӣ, дар 8 км дурӣ аз маркази он ҷойгир аст. Хоҷагияш 185 ва аҳолияш 1499 нафарро ташкил медиҳад, ки асосан кишоварзию чорводорӣ мекунанд. Номи пештараи Ободдарра Келитош аст, дорои мактаби асосӣ, 2 масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ ва мағоза мебошад. [1]

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 432