Огоҳии маъмурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Огоҳии маъмурӣ - яке аз чораҳои маҷбуркунии давлатӣ буда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони маъмурӣ, ки ҷавобгарии онҳо дар Кодекси амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар карда шудааст, андешида мешавад. Огоҳии маъмурӣ одатан ба шахсоне татбиқ карда мешавад, ки онҳо ҳуқуқвайронкунии андак ва ё якумбора содир кардаанд, ба тариқи хаттӣ бо қарори мақоми ваколатдоре, ки ин гуна парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мебинад, муқаррар карда мешавад. Ба тариқи даҳонӣ огоҳии маъмурӣ ҷазо ҳисоб намешавад. Дар нақлиёт ба тариқи сӯрох намудани талони ба шаҳодатномаи ронандагӣ якҷоябуда татбиқ карда мешавад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 360