Одил Маҷлисов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Одил Маҷлисов
Санаи таваллуд:

1910(1910)

Зодгоҳ:

музофоти Дарвози Афғонистон, Афғонистон

Санаи марг:

7 ноябр 1990(1990-11-07)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Ҷоизаҳо:

Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1971)

Одил Маҷлисов (тав. 1910, деҳаи Орварди Дарвози Афғонистон – ваф. 7.11.1990, ш. Душанбе), муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1968), профессор (1970), Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1971).

Зиндагинома[вироиш]

Одил Маҷлисов cолҳои 1928–1930 дар мактаби ҷавонони камбағал таҳсил кардааст. Соли 1930 дар КМ ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар кору фаъолият дошт. Соли 1931 дар муборизаи зидди босмачиён иштирок кардааст. Соли 1932 хизмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ, 1933 мудири шӯъбаи ташкилии Комитети иҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1940 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм карда, ҳамчун муаллими таърих ба Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа фиристода шуд. Солҳои 1942–1945 муаллими Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод, 1945–1947 сардори шӯъбаи кадрҳои Комиссарияти маорифи халқ, Солҳои 1947–1952 дар Институти тадқиқотию илмии мактабҳо фаъолият намудааст. Солҳои 1952–1959 декани факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко, 1959–1967 дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС, 1967–1977 мудири кафедраи таърихи ИҶШС, 1977–1990 профессори кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Муаллифи 6 асар ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Таълифотҳояш масъалаҳои муносибатҳои аграрӣ дар Бухорои Шарқӣ дар асрҳои XIX – аввали асри XX, барпо шудани ҳокимияти шӯравӣ дар Қаротегинро фаро гирифтаанд.

Осор[вироиш]

  • Материали кишваршиносӣ оид ба таърихи Тоҷикистон, Сталинобод, 1957;
  • Қаротегин дар арафаи барпо намудани Ҳокимияти Советӣ, Сталинобод, 1959;
  • Муносибатҳои аграрӣ дар Бухорои Шарқӣ дар асрҳои XIX – аввали XX, Д., 1967.

Мукофот[вироиш]

Бо медал ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофонида шудааст. Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1971).

Нигаред низ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]