Одил Назаров
Одил Назаров | |
Таърихи таваллуд | 1929 |
Зодгоҳ | Хуҷанд ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2003 |
Маҳалли даргузашт | [[шаҳри Хуҷанд|]] |
Кишвар |
![]() |
Пеша(ҳо) | композитор ва дирижёр |
Соз | ғижжак |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960) медали «Барои меҳнати шоён» (1970) ва панҷ Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон |
Одил Назаров (1929-2003) — композитор ва дирижёри тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960), узви ИК Тоҷикистон (1977).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Одил Назаров соли 1945 дар Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи ш. Ленинобод (ҳоз. Хуҷанд)-ро хатм намудааст. Дар як вақт аз соли 1943 дар Театри драмаи мусиқии ба номи Пушкини ш. Ленинобод навозандаи оркестр шуда кор мекард. Солҳои 1957-1965 сардирижёри ҳамин оркестр ва 1967-1987 директори Театри драмаи мусиқии ба номи Пушкини ш. Ленинобод (ҳоз. ба номи Камоли Хуҷандии ш. Хуҷанд) ва аз соли 1987 дирижёри театри мазкур кор кардааст. Дар як вақт (аз соли 1945) дар Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи ш. Ленинобод дарс додаст.
Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Ба қалами Назаров сюитаи вокалӣ – хореографии «Муборак» (шеърҳои Н. Шариф), хорҳои «Ба партия», «Ба партияи Ленин», «Тӯй муборак» ва ғ., асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ: «Ленинободи ман», «Сайри лола», «Дил бурдӣ» ва якчанд валсҳои лирикӣ тааллуқ доранд. Сурудҳои Назаров «Ба раққоса», «Диламро деҳ», «Дил бурдӣ», «Ту ҷони ман» ва ғ. аз тарафи ҳофизон суруда мешуданд. Инчунин Назаров ба 7 намоишномаҳои мусиқӣ оҳанг эҷод кардааст, ки «Кӯчабоғи ошиқон» (Аминҷон Шукуҳӣ), «Интихоби домод» (Х. Содиқ), «Садоқат» (Сафар Сафаров), «Иродаи зан» (Аъзам Сидқӣ) ва ғ. аз қабили онҳоянд. Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1970) ва панҷ Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.[1]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 251. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)