Шумқор Одинабеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Одинабеков Шумқор)
Шумқор Одинабеков
Таърихи таваллуд 24 апрел 1928(1928-04-24)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 1995(1995)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Ванҷ

Шумқор Одинабеков (24.04.1928, деҳаи Баравни ноҳияи Ванҷи ВМКБ-1995, ҳамон ҷо) — сарояндаи маъруфи тоҷик (баритони лирикӣ). Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1983)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шумқор Одинабеков соли 1940 мактаби миёнаи №1-и посёлкаи Ғармро хатм намуда, дар ҳайати Театри халқии вилояти Ғарм истеъдодашро сайқал дод. Солҳои 1956-1985 сароянда ва мутриби ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Аз соли 1985 нафақагири шахсӣ.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Одинабеков санъати мусиқии тоҷикони кӯҳистони Дарвозу Раштро ҳамчун шогирди Акашариф Ҷӯраев бою рангин гардонидааст. Репертуари Одинабеков рангоранг буда, ишқу муҳаббат, зебоии ҳаёт, дӯстӣ, панду ахлоқ ва ғ.-ро дар бар гирифтааст. Ӯ сурудҳои эҷодкардаи А. Ҷӯраев - «Ташниз», «Дарахти дӯстӣ», «Намепурсад ҳеч» (Ҳофиз), «Мегирист», «Бахти ман» (Ҷомӣ)-ро хеле дилчасп иҷро кардааст, ки писанди мардуманд. Одинабеков суруд низ эҷод намудааст, ки «Аҳсан ба одам», «Насиҳат», «Меҳр ва моҳ», «Кавгак», «Тоҷикистон» ва «Модар» намунаи офаридаҳои ӯ мебошанд. Одинабеков дар ҳайати ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба якчанд ш.-ҳои собиқ Шӯравӣ сафари ҳунарӣ кардааст. Иштирокчии Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1967) ва Даҳаи адабиёту санъати тоҷик дар ҶШС Ӯзбекистон (1968). Бо Грамотаҳои Фахрии Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 274. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)