Одинаев Ёқуб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Одинаев Ёқуб
Ёқуб Қурбонович Одинаев
Санаи таваллуд:

1 август 1939(1939-08-01)

Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Санаи марг:

номаълум

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

фалсафа

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои фалсафа

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Ҷоизаҳо:

«Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999)

Ёқуб Қурбонович Одинаев (тав. 01.08.1939, ш. Душанбе), файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (1984), дотсент (1984), узви вобастаи Академияи байналмилалии илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии ш. Москва (2004).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1964 шӯъбаи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1965–1967 ассистенти кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1967–1968 тарҷумон дар ҷумҳурии Миср, 1968–1970 ходими ҳизбии кумитаи ҳизбии ноҳияи Октябри ш. Душанбе, 1971 тарҷумони забони форсӣ дар Афғонистон, 1974–1977 аспиранти Шӯъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон буд. Солҳои 1984–2002 ҳамчун дотсент, 2002–2008 мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2008 то ба имрӯз дотсенти кафедраи номбурда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи зиёда аз 28 асар ва 60 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст. Таълифотҳояш ба масъалаҳои таърихи фалсафа, иҷтимоиёт, диншиносӣ ва этикаву эстетика бахшида шудаанд.

Мукофот[вироиш]

Барои хизматҳои шоистааш бо медали «Ба муносибати 100- солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин», медали «Муборизи сулҳ» ва нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) сарфароз карда шудааст.

Осор[вироиш]

  • Бунёди маданияти шахс, Д., 1989;
  • Ибн Араби, жизнь и учение, Д., 1989;
  • Философия озарения, Д., 2004;
  • Мактаби фалсафаи Элей. Афлотун «Парменид», Д., 2004;
  • Олами асрору қудрати рӯҳии инсон, Д., 2003;
  • Асосҳои маданияти шахс, Д., 2003;
  • Муаммои қатли Суқрот, Д., 2006;
  • Афлотун – ҳаёт, осор ва таълимот, Д., 2007;
  • Афлотун – ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва шоҳасари ӯ «Давлат», Д., 2007;
  • Арасту – ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва асари ӯ «Сиёсат», Д., 2008;
  • Нур ва зулмот, Д., 1989;
  • Чойнома, тӯйнома, Д., 1990;
  • Влюбленный шейх, Д., 1990;
  • Коран – философское, этическое и эстетическое учение, Д., 1989;
  • Қуръон – ақидаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии он, Д., 1992;
  • Бунёди оила, Д., 1992;
  • Аз оини издивоҷ, Д., 1992;
  • Бунёди саломатӣ, Д., 1992;
  • Дастури саломатии Солернӣ, Д., 1992;
  • Омар Хайям – ученый, философ, поэт, Д., 1998;
  • Фахриддин Ираки: жизнь и учение, Д., 2008;
  • Абдурахман Джами: мистико-философские воззрения, Д., 2009;
  • Одоби муошират, Д., 2010.