Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ожонси байнулмилалии энержии атомӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ожонси байнулмилалии энержии атомӣ
Маркази маъмурӣ
Нишонӣ
Намуди созмон organization established by the United Nations[d]
Забонҳои расмӣ русӣ[1], инглисӣ[2], фаронсавӣ[3], испониёӣ[4], арабӣ[5] ва Забони чинӣ[6]
Роҳбарон
Таъсис
Санаи таъсис 1957[7]
Барҳамхурӣ
Маълумотҳои дигар
Шумораи кормандон
Созмони асосӣ Созмони Милали Муттаҳид
Ҷоизаҳо
Ҷоизаи сулҳи Нобел
Вебгоҳ iaea.org(ар.)(англ.)(фр.)(исп.)(рус.)(чинӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ожонси байнулмилалии энержии атомӣ (англ. International Atomic Energy Agency, мухт. IAEA) — созмони байнулмилалиест, ки дар соли 1957 барои тарвиҷи истифодаи сулҳомез ва ҷилавгирӣ аз истифодаи низомӣ аз энержии ҳастаӣ таъсис шуд[9][10]. Ин ожонс ба унвони як ниҳоди мустақил ва худмухтор таъсис шуда ва ҷузъе аз СММ ё созмони дигаре нест, бо ин ҳол дар асосномаи худ эълом карда, ки гузоришҳои худро ба Маҷмаъи умумӣ ва Шӯрои амнияти СММ ба таври мураттаб ироа медиҳад. Қароргоҳи ин созмон дар шаҳри Венаи Утриш аст ва токунун 175 кишвар ба узвияти ин созмон даромадаанд.

Дар 7 октябри соли 2005 Ожонси байнулмилалии энержии атомӣ ва мудири иҷроиии он Муҳаммад ал-Бародаӣ муштаракан Ҷоизаи сулҳи Нобелро ба даст оварданд. Дар аввали декабри соли 2009 Юкия Амано ҷойгузини ал-Бародаӣ шуд. Вай то 22 июли соли 2019, ки хабари даргузашти ӯ эълом шуд, мудири иҷроии Ожонси байнулмилалии энержии атомӣ буд.

Пешниҳоди таъсиси ин созмонро Дуайт Эйзенҳоуэр, раисиҷумҳури Амрико, дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (ки ба суханронии «Атом барои сулҳ» маъруф шуд) дар соли 1953 матраҳ кард.