Озар Салим
Таърихи таваллуд: | 13 декабр 1968 (55 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Озар (Миралӣ Салимов; 13 декабри 1968, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб) — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Озар Салим 13 декабри соли 1968 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Соли 1986 мактаби миёнаи № 9-ро хатм карда, солҳои 1987—1989 хидмати ҳарбиро ба ҷой овардааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб мебошад. Дар мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Хатлон (солҳои 1994—1997) сармутахассис буда, солҳои 1997—2008 дар мақоми сухангӯйи Раёсати умури дохилаи вилоят адои хидмат доштааст. Соли 2008 котиби масъули бахши Қӯрғонтеппаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин шудааст. Ҳамзамон, вазифаи сардабирии маҷаллаи «Мактаб»-и назди Раёсати маорифи вилояти Хатлонро бар уҳда дорад.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст[1].
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин шеърҳояш бо фотиҳаи шоир Саидҷон Ҳакимзода (1984) дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Намози бедорӣ» соли 1997 ба табъ расидааст. Маҷмӯъаҳои дигараш «Як саҷда гул» соли 2002, «Сарви дуо» соли 2004, «Ирфони ҳино» соли 2006, «Гуфтугӯйи нахлу моҳ» соли 2010 интишор ёфтаанд[2].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ирфони ҳино. – Душанбе: Эҷод, 2006. – 112 с.
- Гуфтугӯйи нахлу моҳ. – Душанбе: Истеъдод, 2010. – 100 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Озар. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (11 Январ 2022).
- ↑ Насиба Даниярова. Ту яке ҳадя бароям зи кафи дасти Худоӣ. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (20 Декабри 2018). 14 ноябри 2022 санҷида шуд.