Озодагон (вожа)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Озодагон - вожаи сохта буда, аз решаҳои озод ва пасванди ҷамъсозии – гон сохта шудааст. Пасванди гон дар баробари шакли ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад.[1]

Вожаи озодагон ҷамъоҷамъ 98 маротиба дар 9 ҷилди «Шоҳнома»-и безавол истеъмол гашта, решаи таърихӣ дорад. Яке аз машҳуртарин муодили истилоҳи тоҷик дар таърихи забонамон вожаи озодагон мебошад, ки бо синонимҳои дигари таърихиаш (арийя «Авасто» ), (озода, озодмард, озодагон, озодаманиш, дарӣ, паҳлавӣ, паҳлавонӣ «Шоҳнома») хеле зиёд аз ҷониби муаллифон ба маънои тоҷик истифода гаштааст. Вожаи мазкур аз решаҳои « ийр» ё «Айир»-и Авастоӣ ба маънии «озода», «озодагӣ» ва «озодагон» баромадааст[2][referatdoki-ru/uroki-2/manoi-kalimai-tojik маънои калимаи тоҷик]


Истилоҳи озодагон аз озод аст, ки дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънии “касе, ки ӯ мамлуки касе набошад ва номи дарахтест, ки дар Ҷурҷон рӯяд ва онро дарахти тоқ низ гӯянд. Ва ба маънии рост ва ба ҳамин маънӣ итлоқи озод бар сарви ростқомат кунанд ва ба маънии муҷаррад ва беайб ва комил (аз “Сироҷ-ул-луғот”) ва низ дар “Сироҷ-ул-луғот” аз “Рашидӣ” нақл карда, ки савсани озод аз он аст, ки баргҳояш рост бошанд ва аз Сомонӣ нақл карда, ки сарвро аз он озод гӯянд, ки дасти хазон ба ӯ нарасад

Ҳоло барои бештару беҳтар шинос гаштан ба вожаи озодагон ба ҷилдҳои гуногуни «Шоҳнома» руҷуъ карда аз ҳар ҷилд як ду байт мисол меоварем ва дар поёни байт дар қавсаён аз чандум ҷилд ва саҳифа буданашро бо рақам ишора менамоем.

Бифармуд бастан камаршон ба ҷанг,
Сӯи шаҳри Турон шудан бедиранг.
Сипоҳдор Гударзи кашводагон,
Ҳамон паҳлавонону озодагон («Шоҳнома». Ҷ.5, 16).

Дар «Шоҳнома» шоир озодагон ё паҳлавию палавонӣ гуфта ба яке аз гӯишҳои қадимаи гурӯҳи забонҳои эронӣ ишора мекунад. Ҳамчунин, номи қавми аллакай мустақил ва эътирофшудае, ки худро паҳлавону озодагон меномиданд.[3]

Дар аксари фарҳанг ва сарчашмаҳои муътамад озода 1.тоза, озода, ороставу пероста 2.таър. асил ва наҷиб, ҷавонмард, озодаманиш, озодагон кит. эрониёни қадим, яке аз номҳои тоҷикон (9,904) баён шудааст.

Чу аз дарди он дуда омад ба ҷӯш,
Чунин гуфт бо нолаву бо хурӯш:
«Дареғо гаво Геви рӯинтано,
Ҷаҳондору шамшерзан Бежано».
Бигуфт ину ҷома зи сар то ба пой,
Бидаррид чиниву руми қабой.
Ба озодагон пир Гударз гуфт,
Ки « Фаррух касе к-аш бувад хок ҷуфт(«Шоҳнома». Ҷ.6,32).

Озодагонро арабҳо аҳрор гуфтаанд ва вожаи аҳрор ҷамъи ҳур аст, ки ҳамон озодро баён мекунад. Дар ин маврид ба китоби Муртазо Мутаҳаррӣ руҷуъ шавад, ки «Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом» номгузорӣ шудааст.

Адабиёт[вироиш]

  1. 1. Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик.- М., 1926.-617с.
  2. 2. Афсаҳов А. Таҳқиқи «шоҳнома» дар Эрон// Садои Шарқ.-1977.-№9.-с.145-148
  3. 3. Брагинский И.С. Из истории таджикской и персидской литература.- М.: Наука, 1972.-524с.
  4. 4. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон.- Душанбе: Ирфон, 1983.-кит.1.-704с
  5. 5. Ғиёсуддин Муҳаммад. Ғиёс-ул-луғот. Ҷ.1/М.Ғиёсуддин.-Душанбе:Адиб,1987.-480с.
  6. 6. Исматов С. М. Тоҷ андар «Шоҳнома».-Душанбе, 2009.-183с.
  7. 7. Муҳсин Умарзода. Мақолаи “Маънии “тоҷик” аз нигоҳи бархӯрдҳои таърих ё бехудиҳои муаллифи “Худро бишнос”, 10.08.2013.сайт: referatdoki-ru/uroki-2/manoi-kalimai-tojik
  8. 8. Нудӯшан М.А. Сарви сояафкан.- Теҳрон, 1369.-174с.
  9. 9. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд).Ҷ.2/зери таҳрири С.Назарзода.-Душанбе,2008.-945с.
  10. 10. Фарҳанги забони тоҷикӣ.Ҷ.2/зери таҳрири М. Шукуров ва диг.-М.:СЭ.1969.-947с.
  11. 11. Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома (иборат аз 9 ҷилд) Абулқосим Фирдавсӣ.-Душанбе: Адиб, 1987-1991 ( ҳамин нусха чопи электронӣ- 10 ҷилд).

Эзоҳ[вироиш]

  1. Ғиёсуддин Муҳаммад. Ғиёс-ул-луғот. Ҷ.1/М.Ғиёсуддин.-Душанбе:Адиб,1987.-480с.
  2. Ғиёсуддин Муҳаммад. Ғиёс-ул-луғот. Ҷ.1/М.Ғиёсуддин.-Душанбе:Адиб,1987.-480с.
  3. ВОЖАИ “ОЗОДАГОН” ДАР “ШОҲНОМА”