Озод Cаъидҷаъфаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Озод Cаъидҷаъфаров
Таърихи таваллуд 6 март 1974(1974-03-06) (50 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб

Озод Cаъидҷаъфаров  — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Озод Cаъидҷаъфаров хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб (1996). Соли 1996 муаллими забони тоҷикии Коллеҷи омӯзгории назди донишгоҳи ш. Кӯлоб, солҳои 1996-2001 ассистент ва муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ буд. Аз с. 2001 то ҳол муаллими калон ва дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ барои факултаҳои ғайрифилологии ДДМТ. Соли 2001 дар мавзӯи «Мавқеи Калими Кошонӣ дар адабиёти асри XVI ва нимаи аввали асри XVII-и форсизабони Ҳиндустон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи 1 монография, 4 васоити таълимӣ ва бештар аз 40 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад. Самти асосии пажӯҳиши С.-ро таҳқиқи сабки ҳиндӣ ва вижагиҳои он ташкил медиҳад.

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои факултетҳои таърих ва фалсафа). – Душанбе: «Баҳманруд», 2010;
  • Асолат дар забони мардум. – Душанбе: 2012; Калими Кошонӣ ва ашъори ғиноии ӯ. – Душанбе: «Адиб», 2012.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]