Оламбибӣ Гадоева
Таърихи таваллуд | 1910 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳоит |
Таърихи даргузашт | 1929 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Ҳоит, Тоҷикистон |
Оламбибӣ Гадоева (1910, деҳаи Ҳисораки ноҳияи Ҳоит — 16 майи 1929, ҳамон ҷо) — яке аз нахустин муаллимаҳои ноҳияи Рашт.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз оилаи деҳқони камбағал. Баъди хатми курси кӯтоҳмуддати муаллимии ноҳияи Рашт соли 1928 дар зодгоҳаш муаллимаи синфҳои ибтидоӣ таъйин шуд. Берун аз дарс ҳамроҳи ҳамкасбонаш Сайрамбибӣ Абдуллоева ва Маълумбибӣ Қосимова дар байни ҳамдиёронаш оид ба ҳаёти нав корҳои тарғиботӣ анҷом медод. Апрели 1929 дастаи босмачиёни Фузайл Махсум Ҳоитро ишғол карда, бо иғвои бойҳову рӯҳониёни иртиҷоӣ ин се нафар муаллимаро дастгир намуданд ва 16 апрел ба дор овехтанд. Дар боғи фарҳангу фароғати ноҳияи Рашт ба ёди ин шаҳидон муҷассамае гузошта шудааст, ки Оламбибӣ Гадоева ҳам дар пояи он мадфун аст. Дар пйесаи М. Бахтӣ «Лаҳзаи ҷовид» образи Оламбибӣ Гадоева ва ҳамкасбонаш инъикос ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Оламбибӣ Гадоева // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.