Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Олег Блохин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Олег Блохин
Иттилооти умумӣ
Таваллуд 5 ноябри 1952(1952-11-05)[1][2][3][…] (73 сол)
Шаҳрвандӣ
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ
Маснад

Оле́г Влади́мирович Блохи́н (укр. Олег Володимирович Блохін; тав. 5 ноябри 1952, Киев) — футболбоз, мураббии футбол, сиёсатмадори украинӣ, Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1975).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуҷумкунандаи тими «Динамо» (Ки­ев, 1969-87); қаҳрамони ИҶШС (1974, 1975, 1977, 1980, 1981, 1985, 1986), барандаи панҷ­ка­ратаи Ҷоми ИҶШС. Дар 432 чемпионати ИҶШС ширкат дошта, 211 гол задааст, ки ин нишонди­ҳандаи рекордӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳайати тими «Динамо Киев» дорандаи Ҷоми ҷомдорони УЕФА (1975 ва 1986) ва Суперҷоми УЕФА (1975) гардидааст. Блохин яке аз се футболбози шӯравӣ аст, ки унвони беҳтарин бозигари соли Урупо (1975) ва ҷоизаи «Тӯби тилоӣ»-ро дарёфт кардааст. Дар ҳайати тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ (1972-88) дар 113 дидор ширкат карда, 44 гол задааст. Солҳои 1990—2003 мураббии бошгоҳҳои футболи Юнон — «Олимпиакос» (Пирей), «ПАОК» (Салоникӣ), «АЕК» ва «Ионикос» (ҳар ду аз Афина) ва солҳои 2003-07 сармураббии тими мунтахаби футболи Украина буд. Соли 2006 тими миллии Укроинро бори нахуст то марҳалаи бози­ҳои чорякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон расонд. Соли 2011 дубора сармураббии тими миллии Укроин таъйин шуд.

  • Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007.