Олег Георгиевич Болшаков
![]() |
Олег Георгиевич Болшаков | |
---|---|
Олег Георгиевич Болшаков | |
Таърихи таваллуд: | 3 июн 1929 |
Зодгоҳ: | шаҳри Твер, Русия |
Тахрихи даргузашт: | 20 апрел 2020 (90 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | таърих |
Ҷойҳои кор: | Институти таърихи маданияти моддии Ленинград, Институти шарқшиносии АИ СССР (аз соли 1991 АИ Русия) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Университети давлатии Ленинград Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо: | Унвони фахрии "Ходими шоистаи илм" (Русия 17.11.1997). Ҷоизаи Федератсияи Русия дар соҳаи илм ва техника (5 августи с.2002) |
Олег Георгиевич Болшаков (03.06.1929, ш. Твер, Русия), доктори илмҳои таърих (1974).
Зиндагинома[вироиш]
Соли 1951 факултаи шарқшиносии Университети давлатии Ленинградро (ҳоло Санкт-Петербург) хатм намуда, дар аспирантураи Эрмитажи давлатӣ хондааст. Солҳои 1954-1956 ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Эрмитажи давлатӣ, 1956-1966 ходими илмии Институти таърихи маданияти моддии Ленинград, 1966-1969 ходими илмии Институти халқҳои Осиёи АИ СССР, 1970-1973 докторанти институти номрафта, 1974-1996 сарходими илмии Институти шарқшиносии АИ СССР (аз соли 1991 АИ Русия) кор кардааст. Солҳои 1980-1984 ва 1986-1990 бо ҳайати экспедитсияи археологӣ дар Ироқ фаъолият доштааст. Ҳанӯз даврони донишҷӯӣ чун узви отряди экспедитсияи археологии тоҷикистонии АИ СССР ба Панҷакат ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон сафар карда, минбаъд бобати ёдгориҳои таърихӣ-маданӣ, санъати тасвирӣ, шаҳрсозии мардуми Осиёи Миёна таҳқиқоти арзишманд анҷом бахшидааст. Ковиши илмиаш бобати маданияти асримиёнагии ҷомеаи мусулмонии араб сазовори баҳои баланди мутахассисон гардидааст. Унвони фахрии "Ходими шоистаи илм" (Русия 17.11.1997). Дорандаи Ҷоизаи Федератсияи Русия дар соҳаи илм ва техника (аз 5 августи с.2002)
Осор[вироиш]
- Поливая керамика Мавераннахра VІІІ-XІІ вв. как историко-культурный памятник. – Ленинград, 1954;
- Город Средней Азии в конце VІІІ- начала XІІІ вв. – Ленинград, 1974;
- Средневековый город Ближнего Востока VІІ – середина XІІІ вв. Социально-экономические отношения. – М., 1983 (второе издание. – М., 2001);
- История Халифата. В 4 т., М., 1989, 1990.[1]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 111.
Пайванди беруна[вироиш]
- Олег Георгиевич Большаков дар сайти АИР
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Зодагони 3 июн
- Зодагони соли 1929
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Твер
- Даргузаштагони 20 апрел
- Даргузаштагони соли 2020
- Википедия:Ашхосе, ки то як соли пеш даргузаштанд
- Даргузаштагони Русия
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Русия
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Олимони асри XX
- Олимони асри XXI
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо