Олимҷон Иброҳимов
Олимҷон Иброҳимов | |
|---|---|
| тоторӣ: غلمجان غيرفان اوغلى ابراھىمف тоторӣ: Ƣalimçan Ƣirfan ulь Ibrahimьf тоторӣ: Галимҗан Гыйрфан улы Ибраһимов тоторӣ: Ğalimcan Ğirfan uğlı İbrahimof | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 12 марти 1887[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 21 январи 1938[2] (50 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Маҳалли дафн | |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Таҳсилот | |
| Навъи фаъолият | нависанда, сиёсатмадор, забоншинос |
| Забони осор | тоторӣ |
| Ҷоизаҳо | |
| Соядаст |
|
Олимҷон Иброҳимов (тоторӣ: Галимҗан Гыйрфан улы Ибраһимов, 12 марти 1887[1], Sultanmuratovo[d], Ufa Governorate[d][1] — 21 январи 1938[2], Қазон[1]) — адиб, филолог ва таърихнигори тотор, Қаҳрамони Меҳнат (1928).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар хонаводаи рӯҳонии мусулмон ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро ба забони русӣ дар зодгоҳаш фаро гирифтааст. Хатмкардаи мадрасаҳои «Ҳусайния»-и Оренбург (1898—1905) ва «Галия»-и Уфа (1906-09). Солҳои 1915-17 омӯзгори мадрасаи «Галия» буд. Соли 1906 барои ширкат дар ҳаракатҳои инқилобӣ дастгир шуд. Пас аз Инқилоби Октябр яке аз таъсисдиҳандагон ва сардабири маҷаллаҳои «Безнен юл» («Роҳи мо») ва «Могариф» («Маориф»; ба забони тоторӣ) буд. Аз соли 1925 раиси Маркази академии Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тотористон. Солҳои охири умри Олимҷон Иброҳимов дар Қрим гузаштааст. Соли 1938 ба иттиҳоми фаъолиятҳои зиддишӯравӣ боздошт гардида, ба Қазон бозоварда шуд ва дар дармонгоҳи ҳабсхона даргузашт. Пас аз марг ӯ бегуноҳ бароварда ва сафед карда шуд. Осораш (ҳикояи «Рондани Закии толибилм аз мадраса» ва ғ.) аз соли 1907 ба нашр расид. «Қурбонии муҳаббат», «Сарнавишти тоторзанон» ва асари таърихии ӯ «Фарҳанги исломи бостон» аз нахустин таълифоти Олимҷон Иброҳимов мебошанд. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои Олимҷон Иброҳимов бо номи «Оғози баҳор» соли 1910 чоп шуд. Ӯ соли 1909 ба Қазон омада, асосан ба корҳои адабӣ машғул будааст. Дар ин давра (1909-12) ҳикояҳои ӯ «Оғози баҳор», «Дар баҳр», «Муҳаббат ва бахт» мунташир мешавандоктори илмҳои яке аз поягузорони адабиёти реалистӣ (вуқӯъгароӣ)-и тотор аст. Ӯ бо таълифи романи «Қалбҳои ҷавон» (1912) маъруф гашт. Ин асар нахустин романи психологӣ ба забони тоторӣ буда, дар боби моҷарои падару фарзандон баҳс мекунад. Эҷодиёти Олимҷон Иброҳимов барои рушди насри бадеии бисёре аз мардумони туркзабон таъсир гузоштааст. Романи «Рӯзҳои мо» (1920, нашри дуввум — 1934) зиндагии пуризтироби ҷомеаи тоторҳоро дар даврони инқилоби болшевикӣ бозтоб кардааст. Намоишномаи «Одамони нав» (1920), повести «Гулҳои сурх» (1921), романҳои "Қазоқдухтар " (1924) ва «Решаҳои амиқрафта» (1928, тарҷумаи тоҷикии он — 1935), ки ба мавзӯи ҷанги дохилӣ дар қаламрави ИҶШС бахшида шудаанд ва чандин ҳикояву повестҳо (аз ҷумла ҳикояи «Алмаҷувор», 1922) аз ҷумлаи осори дигари ӯ мебошанд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Олимҷон Иброҳимов муаллифи таълифот оид ба забоншиносӣ («Грамматикаи забони тоторӣ», 1911 ва «Методикаи таълими забони модарӣ», 1918), адабиётшиносӣ («Қонунҳои адабиёт», 1916), таърих («Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва диктатураи пролетариат», 1922; «Аз таърихи ҳаракати ҷавонони тотор», 1922; «Ҳаракати револютсионӣ дар байни тоторҳо дар соли 1905», 1925) ва мақолаҳои публитсистӣ аст. Институти забон, адабиёт ва ҳунарҳои зебои Қазон номи Олимҷон Иброҳимовро дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 5 6 7 8 Republic of Tatarstan Academy of Sciences Institute of Tatar Encyclopedia and Regional Studies Татарика
- 1 2 Ибрагимов Галимджан Гирфанович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иброҳимов Олимҷон / М. Зайниддинов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.