Олимҷон Маҳмадҷонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Олимҷон Маҳмадҷонов
Олимҷон Маҳмадҷонов
Санаи таваллуд:

1 октябр 1961(1961-10-01) (57 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович (01.10.1961, н. Тоҷикобод), доктори илми филологӣ (2010), профессор (2012).

Зиндагинома[вироиш]

Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) соли 1985 ва ғоибона Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро соли 2005 хатм кардааст. Солҳои 1985-1990 лаборанти калон, ассистент, муаллими кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ва 1990-1994 аспиранти он, 1995-2005 сармутахассису масъули котиботи Конуни забони назди Ҳукумати Тоҷикистон, 2005-2009 мудири кафедраи филологияи тоҷики Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, 2009-2010 докторанти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон, 2010-2013 декани факултаи забонҳои шарқи ДДЗТ буд. Аз соли 2013 мудири шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Ба таҳқиқи як қисми лексикология-топонимика, ки номҳои ҷуғрофиро меомӯзад, шуғл варзида, топонимияи минтақаи Ромит ва водии Ҳисорро баррасӣ кардааст. Оид ба лексикология ва номшиносии тоҷик низ нуқтаи назари ҷолиб баён доштааст. Мураттиби маҷмӯаҳои “Даҳ соли қонуни забон” (1999), “Забон ва Истиқлол” (2001), “Оинаи забон” (2003) ва ғайра мебошад.

Осор[вироиш]

  • Баррасиҳо дар номшиносии тоҷик. – Д., 2004;
  • Лексикологияи тоҷик. Дастури таълимӣ. – Д., 2007 (ҳаммуаллиф);
  • Топонимия Ромитского региона. – Д., 2005;
  • Курси лексионӣ аз забони адабии ҳозираи тоҷик. – Д., 2008 (ҳаммуаллиф);
  • Топонимия ва микротопонимияи қисмати шимолии водии Ҳисор. – Д., 2009;
  • Курс лекции по грамматике китайского языка. Учебное пособие. – Д., 2010 (соавтор);
  • Историко-лингвистическое исследо-вание топонимии Гиссарской долины Таджикистана: Дисс...доктора филол. наук. – Д., 2010;
  • Таҳқиқоти таърихию забоншиносии топонимияи Ҳисори Тоҷикистон. – Д., 2012. [1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 328.